Интиқоди Давлатов аз маъракаи “калкунӣ”-и занони тоҷик дар Русия
Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳоди тоҷикони Русия аз маъракаи сартарошии занони фоҳишаи тоҷик, ки ахиран дар Русия густариш ёфтаст, шадидан интиқод намуда, таъкид мекунад, ки ин роҳи ҳалли масъала нест.
Давлатов имрӯз, 16-уми сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар Русия бисёр аз мардони тоҷик мешунавад, ки барои фоҳишагӣ сари духтари тоҷикро тарошидаанд, ки боиси нигаронист: “Ҳатто боре раиси яке аз ҷамъиятҳои минтақавии Русия дар суҳбате аз худаш тавсиф кард, ки "сари ду духтари тоҷикро қоқ-қоқ тарошидем". Пурсидам, чаро? Гуфт, проститутка буданд.”
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Давлатов ин роҳи ҳал нест ва калиди ин мушкилӣ дар носозгориҳои иқтисодию иҷтимоии худи Тоҷикистон аст. Раиси иттиҳоди тоҷикон даст ба фаҳш задани занони тоҷикро баъзан натиҷаи номардиҳои мардони тоҷик хонд, ки ба гуфтаи ӯ “баъзан шавҳарҳо барои як луқма нон ба Русия омада, ба хотири дарёфти пули бештаре ва гирифтани шаҳрвандӣ роҳи осонро дар издивоҷ бо зани маҳаллӣ меёбанд ва бо СМС занашонро талоқ медиҳанд. Пас, он зани ҷавони хонабардӯши тоҷик куҷо равад?! Аз хонаи собиқ шавҳараш пешаш мекунанд. Хонаи падараш равад таънааш мезананд, ки "агар хонақап мебуд талоқ намешуд". Бечора ду роҳ дорад- ё худкушӣ мекунад ё сабукпоӣ”.
Давлатов дар хитоб ба мардони тоҷик, ки даст ба “калкунӣ”-и занони тоҷик мезананд, афзуд, “ба ҷои сари хонумони тоҷикро тарошидан мард бошед, онҳоро пуштибонӣ кунед, то ба иззати нафсашон нарасанду отифияташонро аз даст надиҳанд.” Ӯ афзуд, дар ҳама давру замон, дар ҳама қавму миллат занҳои фоҳиша буданду ҳастанд ва мемонанд, вале на ҷанги Афғонистон, ки аз соли 1979-и асри гузашта давом дорад ва на ҷанги Чеченистон духтарони онҳоро чунин бесаробон накардааст, ки тоҷикон бонувони худро кардаанд.
Ин даъват ва нигаронии раиси Иттиҳоди тоҷикон дар ҳолест, ки рӯзе пеш дар интернет наворе паҳн гардид, ки ҷавонони тоҷик ду занро дар фоҳишагӣ ва паст задани номи тоҷик муттаҳам карда, бо таҳдиди “калкунӣ” ба гиряю зорияшон нигоҳ накарда, маблағҳояшонро гирифтанд. Ин ду зан, ки худро зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон муаррифӣ намуданд, далели даст задан ба фоҳишагиро ночорӣ ва зарурати таъмини фарзандонашон арзёбӣ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |