Бахшҳо

Рустами Ваҳҳоб: "Боварӣ доштан" ғалат аст

БОВАР - БОВАРӢ

Калимаи “бовар” сирф тоҷикӣ буда, таърихан аз ду ҷузъ “бо” ва “овар” (дорои овар) иборат аст ва бо “имон”-и арабӣ ва “вера”-и русӣ, ки зоҳиран бо “бовар” аз як решаанд, ҳаммаъно мебошад.

Дар истифодаи ин калима ҳангоми нисбат додани он ба шахсе ва мавриде ғолибан онро ба сурати иштибоҳ ба кор мебарем. Масалан, мегӯем ва менависем: “Ман ба фалон чиз (фалон кас) боварӣ дорам”, дар сурате, ки ба пасванди “ӣ” дар чунин ҷумлаҳо ҳеч ниёзе нест ва он комилан зиёдӣ мебошад. Дар забони зинда ҳам ахиран ба таъсири забони матбуот ин иштибоҳ нуфуз кардааст, аммо солҳои пештар ва имрӯз ҳам шахсони куҳансол асосан дар чунин мавридҳо мегӯянд: “Ман бовар дорам (надорам)” ҳамчунин калимаҳои нобовар (одами ҳамеша ба ҳар чиз шубҳакунанда), “хушбовар” (баракси нобовар), зудбовар – (содадил) ва ғайра ба ососи “бовар” роиҷанд.

Ҷолиб аст, ки аксаран мегӯянд “бовар кардам” вале ҳамонҳо дар айни ҳол мегӯянд: “боварӣ дорам”. Дар ҳоле ки ҳар ду маврид якест, танҳо замони феъл фарқ мекунад, ки ба ҳеч ваҷҳ набояд мубтадоро тағйир бидиҳад. Аммо баъзан ҳатто “боварӣ кардам” гуфтан ҳам шуруъ шудааст. Хулоса, “боварӣ дорам (кардам)” ғалат аст ва саҳеҳи он “бовар дорам (кардам)” мебошад. Ҳамчунин на “ба боварии касе сазовор шудан” балки “ба бовари касе сазовор шудан”. Чанд намуна:
Охир зи ту чун рӯй ба хун тар дорам,
Дар ишқ зи ҳеч рӯй бовар дорам.
(Анварӣ)

Дилам бурдиву хуштар ин ки гар ман
Бигӯям бедилам, бовар надорӣ.
(Амир Хусрав)

Рустами ВАҲҲОБ
(Аз саҳифаи “Дуруст бинависем”)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Саломат бошед чаноби Рустами Ваҳҳоб! Бовар дорам сафи донишмандони забони ноби адабии точики кам нашудаанд. Иншооллох, бо чунин Олимон мо, Точикистониён забонамонро аз ифлоси тоза хохем кард. Ташаккур ба мехнати халолатон.

Фахмо, ташаккур. Аммо ба назар менамояд, ки устод чи будани мубтадоро чандон сарфахм нарафтаанд. Умуман бисёр аз адабиётшиносони точик илми сарфу нахви забонро як чизи нодаркору ба назари онхо нолоик мепиндоранд. Олимони хоричи чунин нестанд.

Мурод
Хуб, ба чои бовари бовар мегуем, ба чои нобовари чи гуем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)