Аз бедарак шудани Зебунисо 8 ва курсанти ВКД 180 рӯз сипарӣ шуд
Наздикони Зебунисо Сайдалиеваи 16-сола мегӯянд, бо гузашти 8 рӯз ҳанӯз аз ӯ дараке нест.
Ин ҷавондухтари тоҷик рӯзи 8 сентябр дар пайи як муноқиша бо модараш хонаро тарк карда, то ҳол беному нишон мебошад. Ҷамшед Саидалиев -- падари Зебуннисо рӯзи 16 сентябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, духтараш тақрибан соатҳои 11:00 аз манзилашон, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе баромада, то ҳол барнагаштааст.
Пайвандони Ҳамидова аз сокинон хоҳиш доранд, дар сурати дарёфти кадом иттилое вобаста ба Зебунисо ба рақамҳои зерин тамос бигиранд: 935827887, 935810939, 939223619.
Ин дар ҳолест, ки аз нопадид шудани Алишер Ақназарови 22-сола, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, курсанти соли якуми Академияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳудуди ним сол сипарӣ мешавад. Расул Ақназаров, бародари Алишер, гуфта буд, бародараш рӯзи 11 март аз Академияи ВКД баромада бедарак шудааст: "Вақте мо чанд бор ба телефони ҳамроҳаш занг задем, хомӯш буд. Дар Академия гуфтанд, ӯ баромадааст. Ба пулис ҳам муроҷиат кардем, аммо то ҳол натиҷае нест”. Ба гуфтаи наздикон қади Алишер 180-182 сантиметр, муйаш сиёҳ ва дар рӯзе, ки бедарак шудааст, дар тан камзули кабуд, шими ҷинс ва пойафзоли сиёҳ доштааст. Наздикони Алишер аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш доранд, дар сурати пайдо кардани иттилое дар бораи ҷойи будубоши ӯ бо рақамҳои 227 80 08, 221 24 87 ё 93 470 70 00 занг зананд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |