Иқомати “хатарноктарин” афғон бо асноди қалбакӣ дар Тоҷикистон
Раёсати амнияти миллии Афғонистон аз боздошти хатарноктарин сокини кишвараш бо номи Худойдод хабар медиҳад, ки дар пайгарди қонунии пулиси Тоҷикистон низ қарор дорад. Ба иттилои мақомоти афғон боздоштшуда чанд муддат бо ҳуввият ва асноди қалбакӣ дар Тоҷикистон зистааст.
Абдулҳасиб Сиддиқӣ, сухангӯи Раёсати амнияти Афғонистон дар шарҳи ин хабар гуфтааст, Худойдод моҳиртарин ва хатарноктарин ҷинояткор дар таърихи муосири кишвараш буда, раҳбарии чандин шабакаҳои одамрабоӣ ва дуздиҳои мусаллаҳона дар шаҳри Кобулу манотиқи дигарро ба уҳда доштааст.
Сиддиқӣ мегӯяд, кормандони амнияти Афғонистон дар пайи як амалиёти 36-соатӣ Худойдод ва ду ҳамроҳашро дар яке аз минтақаҳои шаҳри Кобул боздошт кардаанд. Ба иттилои манбаъ, ин шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон, Покистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳуввият ва шиносномаҳои қалбакӣ будубош менамудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |