Сафари расмии Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Русия
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе дар доираи як сафари расмӣ озими Русия мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ин сафари расмии Убайдуллоев ба шаҳри Маскав охирҳои моҳи октябри соли равон сурат хоҳад гирифт.
Манбаъ мегӯяд, ҳадафи боздиди раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз Маскав иштирок дар Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ” мебошад.
Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ” аз 22 то 25 октябри соли равон дар Маскав баргузор мешавад. Ин ҳамоиш ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарлумонӣ дар самти ҳамкориҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия аз соли 2006 инҷониб гузаронида мешавад ва ҳадаф аз он рушди муносиботи байнипарлумонии ду кишвар арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |