Бахшҳо
16 сен 2014 09:16Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Мактаби президентӣ ва ширкати Занҷонӣ дар рӯйхати “андозгурезҳо”-и Тоҷикистон

Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати андозсупорандаҳоеро нашр кардааст, ки ба ҳолати 1 июли соли равон дар назди давлат беш аз 200 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Дар феҳрасти нашркардаи ин ниҳод баробари даҳҳо корхонаю ширкатҳои дигар Мактаби байналмилалии президентии Душанбе ва гимназияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ворид шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми қарзи Мактаби байналмилалии президентӣ ба ҳолати 1 июли соли равон аз марзи 1 миллиону 348 ҳазор сомонӣ гузаштааст. Ин дар ҳолест, ки ҳаққи таҳсил дар мактаби байналмилалии президентӣ барои як хонанда ҳазорҳо сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин рӯйхат ҳамчунин “Азия Экспресс Терминал” зикр шудааст, ки ба Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ рабт дода мешавад. Мақомоти андози Тоҷикистон мегӯянд, ин корхона наздики 350 ҳазор сомонӣ андозро ба давлат пардохт накардааст.

Кумитаи андози Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои ифшои номи "андозгурез"-ҳои кишвар мунтаззам рӯйхати онҳоро оммавӣ кунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Рохбарияти Мактаби байналмилалии Президенти дар шахри Душанбе дар иртибот ба маколаи Мактаби президенти ва ширкати Занчони дар руйхати "андозгурезхо", ки Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикитсон дар рузномаи Бочу хироч ба нашр расонида аст чунин иттилоъ медихад, ки Мактаби байналмилалии Президенти хамчун муассисаи таълимии давлати аз супоридани андоз нагурехта аст ва нахохад гурехт. Маблаги 1 миллиону з48 хазор сомони карзи андоз, ки Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикитсон муайян намуда аст ин асосан маблаги карз барои соли 2013 мебошад. Яъне Кумитаи андоз Мактаби байналмилалии Президентиро тибки Кодекси нави андоз ба катори андозсупорандагони миёна дохил намуда аст, ки Мактаб мувофики он бояд андоз аз арзиши иловашуда (18% НДС) супорад. Сабаби асосии тибки низоми нав андозбанди гардидани Мактаби байналмилалии Президенти ин аз бучети чумхурияви маблагузори нагардидани мактаб мебошад. Дар се соли фаъоляташ Мактаб тамоми намуди андозхоро сари вакт ба таври пурра тибки низоми соддакардашуда (6%) пардохт намуда аст. Рохбарияти Мактаби байналмилалии Президенти унвонии Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон мактуби расми чихати то охири мохи сентябри соли 2014 тамдид намудани мухлати пардохти карзи андоз ирсол намуда буд. Баробари ворид гардидани маблагхо аз чониби волидайн аз таърихи 25-уми август то холати 10-уми сентябри соли 2014 маблаги 1 милиону 100 хазор сомони маблаги карзи андоз алакай пардохт гардид. Маблаги бокимондаи карзи андоз то охири мохи сентябр пардохт карда мешавад.

Бо эхтиром,
Х.Мирзоев
Директори Мактаби байналмилалии Президенти

Бобака капат дуд кард! Ин феъли мансабдорони точикай аз авал дар гушот мезанан аз андоз озодут менем бад чову чогата гирифта хадияшон мекуни е зиндона ба кала мегири е ГАРИБИРА?

точик
Бародаро ин бахонаяй мактаби байналминали сохиби Лекин афсус гимназияи исломиро мумкин аз бай баран,имсол 50 фоиз талабагонашро имсол аз мактаб сур кардан ,маориф гуфтаастки гинназия бояд 1200 талаба зиёд надоштабошад гиназияи исломи 2500 талаба дошт.боин рох 50 фоизашро нест кардан акнун аз налог карздорай гуфта гимназияи исломиро махкам мекнан чи бало .СУБХОНАЛЛОХ и палитикаи давлат.

Гимназияи ДИТ
Ба иттилои сомонаи "Озодагон" ва радиои "Имрӯз" мерасонем, ки рӯйхате, ки дар мақолаи шумо ба он ишора шудааст, ба санаи 01-07-2014 тартиб дода шуда буд ва тибқи омори пешниҳодшуда дар он нисбати Гимназияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон иштибоҳ рух дода буд, бинобар сабаби нагузаштани варақаҳои бонкии пардохт ба ҳисобварақаи гимназия. Зеро маблаѓе, ки мо онро дар рӯзи 25-06-2014 пардохт намуда будем, бинобар сабабҳои фаннӣ дар бахши андоз, дертар, дар аввали моҳи июл ворид карда шуд. Ва он иштибоҳ дар худи ҳамон рӯзҳо аз ҷониби шуъбаи ҳисобдории Нозироти андозсупорандагони миёнаи ноҳияи Сино бартараф карда шуд.
Аз ин сабаб, шумо рӯзноманигорон ин хабарро бе таҳқиқ дар нимаи моҳи сентябр ба нашр расонидаед, ки ин боиси нофаҳмӣ миёни мардуми кишвар мешавад. Аз ин хотир, аз ҳайати сомонаи "Озодагон", инчунин кормандони радиои "Имрӯз" хоҳишмандем, ки пеш аз оне, ки хабарро ба самъи мардум мерасонанд, аввал таҳқиқ намоянд.
Инчунин, дар поёни сомона рақамҳои телефонҳо гузошта шудааст, ки мутаассифона чанд бор занг задем, аммо ҷавобе наомад. (рақамҳои (+992) 98 751 57 70; 93 581 04 61. Қабл аз ирсоли ин навиштаҳо низ як бори дигар занг задем, аммо бенатиҷа.). Дар ҳоли ҳозир бошад, гимназия аз андоз қарздор намебошад ва дар нозироти андоз ҳамчун андозсупорандаи фаъол амал менамояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)