Футболбози тоҷик сармураббии “Локомотив”-и Маскав шуд
Игор Черевченко, футболбози пешини тими миллии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии бошгоҳи "Локомотив"-и Маскав таъин шудааст.
Тибқи иттилоияи бошгоҳи “Локомотив” Черевченко дар ин симмат Леонид Кучукро иваз намуд, ки аз соли 2013 сармураббии даста будааст. Кучук баъди бохтҳои пайдарпайи "Локомотив" дар бозиҳои лигаи олии Русия аз симматаш барканор шуд.
Черевченкои 40-сола, ки феълан вазифаи сармураббии “Локомотив”-ро иҷро мекунад, писари Геннадий Черевченко, аз бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе аст, ки то кӯч бастани хонаводааш аз кишвар дар солҳои 1993-1994 дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |