Даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ мавзӯи суҳбати сафири Тоҷикистон ва президенти Ҳиндустон
Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон эътимодномаи худро ба райиси ҷумҳури он кишвар - Пранаб Мукерҷӣ таслим кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими супоридани эътимоднома дар Кохи Раштрапати Бҳаван сурат пазируфтааст. “Пас аз маросими супоридани эътимоднома мулоқоти президенти Ҳиндустон бо сафири Тоҷикистон доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар заминаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифта, рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, маориф, тандурустӣ ва мудофиа ба манфиати ҷонибҳо маънидод гардиданд. Ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои ҷадиди глобалӣ ба мисли даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ низ аз бахшҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номида шуд”,-хабар медиҳад манбаъ.
Сафири Тоҷикистон дар поёни ин дидор президенти Ҳиндустонро итминон додааст, ки барои таҳким ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи байни Душанбеву Деҳлӣ тамоми саъйю талоши худро ба харҷ хоҳад дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |