Бахшҳо
15 сен 2014 14:51Тоҷикистон / Тема дня

Баҳси тунди ҷонибдорони Иззат Амон ва Ашраф Гулов

Интиқоди Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав аз фаъолияти Ашраф Гулов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва консули кишвар дар Русия баҳси тундеро миёни корбарони “Озодагон” ба миён овардааст.

Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав дар шарҳи хабари боздошти як модари тоҷик бо фарзанди хурдсолаш аз фаъолияти консули Тоҷикистон дар Русия - Ашраф Гулов интиқод ва ба президенти кишвар муроҷиат намуд. “Чаро ман ҳама инро ба шумо мегӯям, дар ҳоле ки хуб медонам, ба шумо низ фарқе надорад, ки як зани тоҷик бо фарзандаш бо туҳмат шабро дар пулисхонаи рус рӯз мекунад. Зеро шумо домоди худатон - Ашраф Гуловро дар ин кишвар консул таъин кардед. Ӯ бошад аз ҳамаи консулҳои пешин гузаронд. Чаро мо бояд ба чунин ҷойҳо равему домоди шумо дар як кабинети гарм бо духтаракони гулрӯ чой нушида шинад? Магар ӯ аз ҳисоби хуни муҳоҷирон 5000 доллар маош намегирад?”,-хулоса карда буд, Иззат Амон.

Бархе аз шарҳнависон ба ҳимояти Гулов бархоста ва Иззат Амонро зери тозиёнаи танқид қарор додаанд. Онҳо мегӯянд, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав маҳз ба хотири боло бурдани имиҷи худ аз фаъолияти домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мақоми наваш интиқод кардааст. Корбаре бо номи Саидшоҳ навиштааст, ин ҳарфҳои Иззат Амон супоришӣ ё барои пияр аст, чун мехоҳад, аз шахсияти Гулов истифода карда, нуфузашро боло барад. “Аммо Иззат фаромӯш кардааст, ки офтобро ба доман пушонида намешавад, Гулов ба монанди офтобе аст, ки ба ҳамааи муҳоҷирон ба як чашм менигарад ва ба ҳамаи онҳо кумак мекунад. Ин қадар хидматҳои Гуловро нодида гирифтан аз рӯйи мардӣ нест. Гулов муҳоҷиронро бе мамоният қабул мекунаду шояд бизнеси ӯ ва бархе аз ҳаммаслаконашро аз байн бурда бошад, ки талоши беобрӯ кардани консулро дорад”,-менависад Саидшоҳ.

Ин корбари “Озодагон” дар идома аз суханони олими амрикоие иқтибос оварда, гуфтааст, “лидерро сохта намешавад, лидерро модар мезояд. Аз ҳамин хотир аз Шумо хоҳиш менамоям, ки зӯр назанед, қуввати бардошти Гуловро надоред, боз миёнатон нашиканад. Гулов ҳам инсон аст, шояд хатое кунад, пас барои як хато ин қадар хубиҳоро надида гирифтан сифати одамгарӣ нест”.

Корбари дигаре бо номи “Тоҷик” бо пуштибонӣ аз Саидшоҳ ба шаҳрванди Русия будани Иззат Амон ишора карда, навиштааст, дар мавриди шахсияташ нофаҳмиҳои зиёд вуҷуд дорад. “Аз боздошту куштори муҳоҷирони корӣ ва ҳаводиси марбут ба онҳо зиёд хабар медиҳад, аммо чаро боре аз ин қазияҳо сафорати Тоҷикистон дар Русияро огоҳ намекунад, дар ҳоле ки ба макони ҳодиса донишҷӯеро мефиристад?”,-суол гузоштааст ӯ.

Аммо дар ин баробар корбароне ҳам аз суханҳои Иззат Амон пуштибонӣ ва фаъолияти домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистонро зери суол бурдаанд. Нафаре, ки исмашро Сафоҳ навиштааст, мегӯяд, Каромат Шарипов ва Иззат Амон ҳамеша барои ҳукумати феълӣ ва ҷонибдорони он хиёнаткору ҷосус ва иғвогар боқӣ мемонанд, чун ба гуфтаи ӯ ҳамеша аз муҳоҷирони корӣ ҳимоят карда, камбудии мақомотро ифшо месозанд: “Ҳар нафаре аз камбудҳои ҳукумат ҳарф занад, аз ҷониби садрнишинон чунин хонда мешавад. Дар воқеъ, Иззат намедонад, ки Ашраф Гулов ва ашхоси монади ӯ, Абдулмаҷид Достиев ҳадаф, салоҳияти кори худро намедонанд, ки аз чӣ иборат аст”.

Саид, корбари дигар дар хитоб ба ҳимоятгарони домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, “гӯш кунед! Кадом масъули сафоратхонаи Точикистон дар Русия барои мардуми мазлуми тоҷик хидмат кардааст, ки Шумо аз Ашраф Гулов пуштибонӣ доред?” Ин корбари “Озодагон” навиштааст, “ягона хидмати “хирсона”-и домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории кишвар дар Русия ин аст, ки варақаи маъруф ба “разрашени на работу”-ро бо арзиши аз ҳазору 500 то 4 ва 5 ҳазор рубли русӣ мефурӯшад, дар ҳоле ки қиммати он беш аз 200 рубл нест ва ман худам шахсан ин варақаро бо ин нарх харидаам”. Ӯ дар хитоб ба масъулин сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, “Шумо кай парво доред, ки киро дар куҷо мекушанду киро ба маҳбас мебаранд.”

Корбаре бо номи “Муҳоҷир” ҳам ба ин баҳс дахл карда, менависад, дар дохили Тоҷикистон дигар мансабе вуҷуд дорад, ки ба хешовандони чеҳраи рақами яки кишвар тааллуқ надошта бошад? Ҳадди аққал мегузоштанд, ки дар сафоратхонаҳо одамони муносибу донишманд ба кор дароянду ба халқи бечораву мазлуми ғариби худ раҳм кунанд: “Бовар кунед сафоратро ячейкаи хонаводаи худашон кардаанд. Ба ҳоли муҳоҷири зору аз меҳрубонии наздикону ватани хеш дури тоҷик раҳм кунед!”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ман хам вазифа мехохам ки барои ватанам хизмати инсофона расонам.

Бетараф,
Дар асл ин аст, ки Иззат Амон худаш фоиди хангуфт мегирифт аз консули хамчун восита ва аз хамин хотир чонаш дард мекунад чунки Ашраф худаш инсони комил ва серу пур аст ва ниез ба пули мухочирон надорад. Аз омадани у бисер чизхо аз нав шуданд. Каналхои пулкоркунии Изатро бурид. Инсони босавод ва фурутан аст. Дастгири кормандон ва мехрубон аст. Хар як ҳахсро дасгири намуда бевосита ба у кумаки худро дарег намедорад.Ба хеч кас ичозат намедихад то аз хисоби мухочирин мисли Изат Амон пул кор кунанд.
Мардуми одди ки тасаввурот надоранд аз бозихои Иззат Амон зуд хашмгин мешаванд ва нофахмида хар чиз менависанд.
Хар касе ки ба суханхои Иззат Амон бовар дорад як бор худаш ба конусли равад ва бинад. Хамсухбат шавад. Ва онгах аз бозихои арзоншудаи Изат бохабар мешавад. Дар тули 10 соли охир ягон кас каблан дар Консули рохи пулкокунии воситахоро нагирифта буд, ва у Ашраф тавонист пешири кунад. Холо бошад азнавсозихоро идома дода истодааст, то ки пули мухичирин бехуда сарф нагардад. У аз оилаи серу пур аст ва ниез ба ду се тини мухочирин ки каблан Изат ва дигар фитначуен кор мекарданд надорад.
Шумо худат тасаввур кунед, ки ин системмаи пулкоркуниие, ки каблан корамандони пешина рохандози намудаанд чи тавр аз байн меравад. У ин системаи пулкокунии воситахоро аз байн бурд ва вакт инро нишон хохад дод.

Дустони гироми! Инчо як акида сарех аст, ки Иззат курсиро муносиби худ мепиндораду Ашрафро нолоик. Шояд аз нигохи афкори сиёсию хукуки ва дидгохи фаромарзию муосир, хосса барои Россия, Иззат мукаммал бошад? Аммо инчо мавзуъ мушкили дигар аст. Рости аз хизмати Иззат то имрзу касе ёдовар нашудааст. Лиллох (дар хузури мо) ягон мухочири бесарпанох, ягон бечораи дар гариби бародармурда, ягон беваи гирифтори зачри макомот ва ё ягон дайдуи хамешакайф, сифоти некихои ин бародарро накардааст. Шояд мушкил набудани алока бо мухочирини гайрираштист. Аммо Иззат хамеша кобилона миннат мекунад, ки хизмат кардааст. Хеч гох эрархияи сиёсиро риоя накарда, хатман сарвари давлатро гушрас мекунад, ки кор карда истодаанд.
Дар мавриди шархи дигарон бояд гуфт, ки на Ашраф офтоб асту на Иззату Каромат чосус. Харсе дар пайи манофеъ ва обруи шахси хастанд.орзу,

Сафар
Хамаи мансабу вазифахо оилави шудааст. Онхоро кай парвои халк аст?

Бародаро суханхои асоснок гуфтан даркор, зеро Гулов шахсиятест, ки бо забонхои англиси, руси, хитои харф мезанад, аммо хамон Иззат Амон ман медонам забони руссиро соз гап зада наметонад.

Шоди Душанбе
Лидер сохта намешавад. лидерро модар мезояд- ин гуфтаи бемантики Саидшохро бинед.Тамоми инсонро модар мезояд на танхо лидер.Вале дар Точикистон лидерро метарошад Ч.О. Барои лидер шудан мехнат ва дониш зарур на тагою амак.Мутаасифона ин лидерхои хозира махсули хешу таборбози аст,ки ба як пули пуч намеарзанд агар фарзандони язну кудоу бародару хохар набошанд.Баьдан халкро натарсонед.ки куввати бардошти Гулов надоред.Аз хама фил бовазн аст вале рузе мерасад мурчагон галаба мекунад.Мансабдорон ба халк хизмат намекунанд онхо вазифаашро аз руи меьери инсони бояд ичро кунанд. Пули халкро мехуранд ва халол бихуранд.

инсон аз рузи пайдоишаш ба амали хyбy бад даст задастy одами хyбy бад дар муҷтамааҳо ҳамеша боқи хоҳанд монд. Вале имруз дар мавриди ба мансаби давлати расидани инсони поквиҷдонy мардyмдyст дар ҳама кишварҳо билхyсyс кишварҳои мусалмони бисёр кам дида мешавад ва дар Тоҷикистон агар бошанд ҳам дар хидмати онҳое мебошанд ки дипломро на бо хондани хyб балки барои хешy табор бyдан ё бо пардохти маблағи ҳангуфт ба муалимон бадаст оварданд. Имрузи мушкили асоси мyбоҷеҳи мардyми Тоҷик ҳамин аст ки аксарy бештари аҳзоб ва ашхосе ки хyдро ходими миллатy ватан меҳисобанд ҳам дар корy бори хyд бо мардyм самими нестандy ин корҳоро барои баланд бардоштани имуҷи хyдy ҳизби хyд анҷом медиҳанд ва бо ин кор кyшиш мекyнанд ба мардyм бифаҳмонанд ки онҳо ғамхори миллат ҳастандy агар ба қyдрат расанд мушкилоти мардyмро ба зудтарин фурсат ҳаллy фасл хоҳанд кард. Чигyна ба инҳо бовар кyнем ки гyфторашон бо кирдорашон мутобиқат намекyнад. Мо мардyми Тоҷик ба як ҳизби зарyрат дорем ки дар он воқеан мардyми наҷибy бо салоҳият қадрy манзалат дошта бошанд то онҳо на бо сиёсатy фирибy хyднамоиши балки бо самимият ва ихлос камари ҳиммат барои хидмати мардyм бибанданд ва миллати Тоҷикро аз озорy заҷрy нотавони берyна бароранд. Инхел инсонҳо дар байни миллат мавҷyд ҳастандy вале чyнон аз тарафи давлатмардон ва раҳбарони аҳзоб шикаста шyданд ки дигар ба корҳои машғyл ҳастанд ки зибандаи ин корҳо нестанд.

Профессор
Бовар кунед, солхои тулонист, ки дар Россия ба хайси професор фаъолият дораму мардуми махал аз ман ва мардуми точик сад дар сад розианд, хушбахтона то ба имруз мо намедонем, ки Иззаташ кисту Гуловаш кист. Монед мо озод бошем. Раведу дар кулобатон доду гирифтатонро кунед.

Салом бародарон,
Ман рости гап Ашрафро намешиносам лекин аз хамкорони худ дар Москов шунидам, ки одами нагз ва бофахм аст. Барои хамин хам аз Ашраф ва хам аз Изат хохиш дорам якдигарро хурмат карда дар сари миз нишинанд. Барои он, ки ана хамин нофахмихо кишвари моро ба рузхои сахт овард. Агар нодуруст бошад пешниход хохиш нависед. Озодагон чоп кун бо ранги дигар газетахо интизори пул нашав.

Ман манам
Монополияи Иззати Амон вайрон шид барои хамин ракобат байни ин ду ба миён омадааст. Ман тарафдори на инуш ва онашам. Хаминро мегуям, ки точики моро дар руссия хору зор кардагихо хаминхо хастанд. Барои як масъала пешашон рави хатман пули зиёд мегуянд

.
Рости гап ба хамин Иззат Амонхову Каромат Шарифхое, ки хуни мухочиронро макида сохиби пулу мол шудаанд ягон зарра бовари нест. Ин гуна шахсон боиси хурмату эхтиром нестанд. Мард боши ба мухочирони дармонда ройгон кумак расон. Зиндагиатро бошад на аз хисоби мухочирон, балки аз ягон манбаи дигар пеш бибар.

охир ин домоди чаноб аст ку барои у мумкин нест аз кабинет берун барояд яке хунук нахурад сармош назанад.

аз пойтахт
Ман манам,Бародар Изат як бор бо Ашраф вохуред бад мефахмед ки АШРАФ кист ва чанкадар савод дораду то кадом дарача инсони хоксораст
Ман манам,
Ман манам,
Ман манам,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)