Раҳмон хостори кишти бештари картошкаю пиёз шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо иштироки сарвазиру вазирон ва масъулини дастгоҳи иҷроия машварати корӣ баргузор намуда, масоили мубрами хоҷагидорӣ дар кишварро мавриди муҳокима қарор додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба захираи маводи ғизоию сӯзишворӣ, омодасозии шабакаҳои барқӣ, нақлиётӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, тайёрӣ ба кишти тирамоҳию барвақтӣ, афзун намудани шумораи гармхонаҳои сабзавоткорӣ супориш додааст.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон хостори кишти бештари картошка, пиёз ва дигар сабзавоти барвақтӣ шудааст, зеро ба ақидаи ӯ талабот ба ин маҳсулот дар бозори дохил ва хориҷи кишвар хеле афзудааст.
Дар ниҳоят раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки омодагӣ ба зимистон бояд ҷиддӣ, саривақт ва босифат анҷом дода шавад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |