Дар Душанбе роҳҳои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ мешавад
Мушкили муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистону Қирғизистон мавзӯи аслии форуми дурӯзаест, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Форуми мазкур бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” 18-19 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир мегардад. Муҳайё Нозимова, як масъули ин ташкилот ба “Озодагон” гуфт, “ҳадафи асосии ин форуми минтақавӣ пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ дар кишварҳои асосии қабулкунандаи онҳо, тавассути муҳайё сохтани минбари гуфтушунид ва баррасии масъалаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, миёни сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии манфиатдор аст”.
Ба гуфтаи ӯ, форуми навбатӣ фарогири мавзӯи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Федератсияи Русия ва Қазоқистон мебошад. “Тибқи нақша ба форуми минтақавӣ намояндагони хадамоти муҳоҷирати давлатҳои зикршуда, намояндагии дипломатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, Ваколатдори ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия, ҳамчунин намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ аз кишвари баромади муҳоҷирони меҳнатӣ даъват мешаванд”,-афзуд Муҳайё Нозимова. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |