АКС: Маҳкумияти 3 шаҳрванди Тоҷикистон барои терроризм
Додгоҳи минтақаи Хабаровски Русия имрӯз, 15 сентябр се шаҳрванди Тоҷикистонро 4 сол равонаи зиндон кардааст.
Бо ҳукми додгоҳ ду нафар 4 солу 3 моҳ ва як тани дигар 4 солу 2 моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд. Раёсати Хадамоти федеролии амнияти Русия дар Хабаровск гуфтааст, онҳо узви Ҳизби исломии Туркистон буда, дар марказҳои махсуси Покистон таълим гирифтанд: “Тафтишот муайян кард, ки маҳкумшудаҳо дар Хабаровск ба ҷалби ҷавонони дигар ба созмону ҳаракатҳои террористӣ машғул шуда, онҳоро ба марказҳои махсуси террористӣ равон мекардаанд.”
Ба иттилои манбаъ, онҳо ба гуноҳи худ иқрор шудаанд.
Ин хабар дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон бештари шаҳрвандони кишвар, ки дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок доранд, аз Русия ба онҷо рафтаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |