АКС: Такрори зиёфати Раҳмон барои Сӣ Ҷинпин дар шабакаи аввал

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон зиёфати оилаи Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон барои Сӣ Ҷинпин, раҳбари Чин ва ҳамсарашро пайваста намоиш медиҳад.
Ин зиёфати ба гуфтаи дафтари матбуотии президенти кишвар ғайрирасмӣ, шоми 12 сентябр дар қароргоҳи шаҳрии Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудааст.
Телевизиони давлатии Тоҷикистон аз ин меҳмондорӣ "Шоми дӯстӣ" ном бурда, онро такроран пахш мекунад. Дар навори мазкур қабули Сӣ Ҷинпин ва бонуи аввали Чин - Пен Лиюн аз ҷониби хонаводаи президенти Тоҷикистон, ба президенти Хитой пӯшондани ҷомаву тоқӣ, намоиши маҳсули ҳунарҳои тоҷикӣ ба мисли гулдӯзию зардӯзӣ, заргарӣ ва ороишоти дигари миллӣ, тамошои гулбоғу дарахтон намоиш дода мешавад. Ба иттилои дафтари матбуоти райиси ҷумҳур, аксари дарахтони мевадиҳандаву сояафкани қароргоҳи мазкур "аз ҷониби худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шинонда шудаанд".
Лавҳаи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон пешниҳоди самбуса ба меҳмонон аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон ва барои бонуи аввали Чин аз дег кашидани косаи шурборо ҳам нишон медиҳад.
Дафтари матбуотии президент менависад, "меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари ӯ, бонуи аввали кишвари мо зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд".
Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин 11 сентябр барои иштирок дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва анҷоми нахустин сафари давлатӣ ба Душанбе омад. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр "Сӣ Ҷинпин пас аз иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ аз шаҳри Душанбе баргашт".
Манбаъ меафзояд, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақом ва ҳамсари ӯро Эмомалӣ Раҳмон, бонуи аввали Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд: "Зимни мулоқоти кӯтоҳе, ки дар толори меҳмонони олимақоми фурӯдгоҳи Душанбе баргузор шуд, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бори дигар баҳои баланд доданд".
"Боздиди нахустини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Тоҷикистон басо пурмаҳсул шуд, зеро дар ҷараёни татбиқи амалии санадҳои дар ин сафар миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамшарики стратегӣ баимзорасида беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад, даҳҳо иншооти бузурги саноатӣ бунёд мешавад ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад", - иттилоъ медиҳад дафтари матбуотӣ. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |