АКС: Талоши дигари Оқохони IV барои дарки беҳтари Ислом дар Ғарб

Осорхонаи Оқохони IV рӯзи 12-уми сентябр, дар шаҳри Торонто аз ҷониби пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ ва сарвазири Канада, Стефен Ҳарпер расман ифтитоҳ гардид.
Осорхона аз тарафи меъмори маъруфи ҷопонӣ, Фумиҳико Маки тарҳрезӣ шуда, 6.8 гектар заминро бо Маркази Исмоилияи Торонто тақсим мекунад.
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ ҳадафи ин осорхонаро пешниҳоди асолат ва дурнамои нав барои тамаддуни исломӣ арзёбӣ карда, изҳори умед кардааст, ки ин муассиса як маркази омӯзишу таълим хоҳад буд, ки ба ҳайси муҳаррики якдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ хизмат хоҳад кард.
Ҳенрӣ Ким, раҳбари ин муассисаи фарҳангӣ қаблан изҳор дошта буд, ки осорхона ҷое барои ҷамъу нигоҳдории маҳсули кори ҳунармандон ва тамаддуни исломӣ аст ва изҳори умед кардааст, ки ин осорхона ба дарки беҳтари пайравони Ислом дар мавриди тамоми гуногунии динӣ, қавмӣ, забонӣ ва иҷтимоии онҳо саҳмгузор мешавад.
Ташкили осорхонаи Оқохони чор дар Торонто дар ҳолест, ки ӯ ҳангоми баромадаш дар парлумони Канада гуфта буд, “яке аз сабақҳое, ки мо дар солҳои охир омӯхтем, ин аст, ки ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони Ғарб ниёз ба ҳамкории бештар барои якдигарфаҳмӣ доранд. Бахусус, вақте ин фарҳангҳо ба ҳам дар иртибот мешаванд, бештар ба таври фаъол ба ҳам омезиш меёбанд”.
Оқохони IV имоми 49-умини исмоилиён, ки шаҷараашон аз нахустин имом, Ҳазрати Алӣ оғоз мешавад, рӯзи 11-уми июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ баъди бобояш Султон Муҳаммадшоҳ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст. Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария таваллуд шуда, дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард мебошад. Ӯ бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) аст, ки аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар соҳоти гуногуни Тоҷикистон фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |