Эътирози ҳуқуқшиноси тоҷик: Телефонамонро гӯш мекунанд!
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик бо нишони эътироз аз истифодаи телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон даст кашидааст ва аз дигарон низ хостааст, ба ин иқдоми ӯ бипайванданд.
Воҳидова дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, ин як вокуниш ба мақомот аст, ки ба таври густурда тамосҳои телефонии мардум ва аз ҷумла ӯро гӯш мекунанд: “Ба хулоса омадам, ки аз истифодаи телефони мобилӣ даст кашам. Хидматрасонии телефони мобилиро ба ширкат ман пардохт мекунам, аммо онро мақомот истифода мебарад. Чаро бояд ҳаққи истифодабарии мақомотро ман бипардозам?! Вақте дар ватанам озод нестам, телефони мобилӣ чӣ зарурат дорад?”
Воҳидова аз гӯш кардани телефонҳои мардум аз сӯи мақомот шадидан нигаронӣ карда, аз сокинон даъват намуд, ки ба ин иқдоми ӯ пайравӣ кунанд.
Ин тасмими Воҳидова дар ҳолест, ки чанд моҳи пеш вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав низ иддао доштанд, ки масъулони Оҷонсии зидди фасод пайваста сӯҳбатҳои телефонии онҳоро гӯш мекунанд.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, изҳороти Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии зидди фасоди молиро далел оварда, таъкид намуд, ки “онҳо ҳар қадами моро пайгирӣ карда, сӯҳбатҳои телефонии моро гӯш мекунанд.” Қудратов ин кори масъулони Оҷонсии зидди фасоди молиро ғайриқонунӣ хонда, таъкид намуд, барои дифоъ аз ҳуқуқи худ ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати умури дохилӣ муроҷиат мекунанд. Баъдан Қудратов ба иттиҳоми порагирӣ аз ҷониби Оҷонсии зидди фасод боздошт шуд ва яке аз далелҳои асосӣ алайҳи ӯ сабти суҳбатҳояш арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |