Азми Раҳмон ва Отамбоев барои ҷилавгирӣ аз иғво дар марз
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри 12-уми сентябр дар мулоқот бо раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев баҳсҳои марзӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарони ҳарду давлат ҳавасмандии худро ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона таъкид доштанд.
Ба иттилои манбаъ зимни ин мулоқот ҳамчунин рушди ҳамгироии минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳо, ки барои ҳарду кишвар аҳамияти стратегӣ доранд, муҳокима шудаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои қирғизаш даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад ва ин даъвати ӯ пазируфта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |