Кумитаи амният барои сафари Содиқов аз Тоҷикистон иҷоза додааст

Созмони Авфи байналмилал ё Amnesty International мегӯяд, Александр Содиқов, пажӯҳишгари тоҷик, ки моҳи июни соли равон бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт ва баъдан ба шарти берун нарафтан аз ҷои иқомат раҳо шуда буд, ба Канада рафтааст.
Ба иттилои манбаъ, пажӯҳишгари тоҷик рӯзи 10 сентябр Тоҷикистонро ба қасди шаҳри Торонтои Канада тарк кардааст. Amnesty International ҳадаф аз куч бастани Содиқов ва хонаводаашро ба Канада идомаи таҳсил арзёбӣ кардааст. Дар иттилоияи ин созмон, аз ҷумла омадааст, “мақомоти амнияти Тоҷикистон ба дархости Содиқов посухи мусбат дода, ба ӯ иҷоза доданд, барои идомаи таҳсилаш ба Торонто баргардад.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан Созмони Авфи байналмилал хостори бекор кардани иттиҳомот алайҳи Александр Содиқов шудааст. Худи пажуҳишгари тоҷик низ аз тӯл кашидани тафтишоти парвандааш нигаронӣ карда, гуфта буд, ба далели тафтишот иҷозаи берун рафтан аз кишварро надорад, дар ҳоле, ки дарсҳояш дар донишгоҳи Торонто аз 8 сентябр оғоз мешаванд.
Александр Содиқов баъд аз зуҳри 16 июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Ӯро замоне дастгир карданд, ки бо Алим Шерзамонов, раҳбари дафтари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар маркази Бадахшон суҳбат мекард. Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 17 июни соли ҷорӣ бо пахши изҳороте гуфт, Александр дар пайи иҷрои супориши хадамоти махсус (ҷосусӣ)-и яке аз давлатҳои хориҷӣ будааст. Аммо худи Содиқов мегӯяд, бо фармоиши Донишгоҳи Эксетери Бритониё ба пажуҳиши масъалаи идораи низоъҳо дар Хоруғ машғул буд.
То кунун даҳҳо Иттиҳодияи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бо пахши изҳорот аз Содиқов ҳамчун пажуҳишгар ҳимоят карда, хостори раҳоии ӯ шуда буданд. Александр дар рӯзҳои аввали дастгир шуданаш дар боздоштгоҳе дар Хоруғ буд ва сипас ӯро ба боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе интиқол доданд ва рӯзи 22 июл ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат озод гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |