АКС: Идомаи нороҳатиҳо аз тадобири амниятӣ дар Душанбе

Роҳбандию бозорбандӣ, ки ба далели ҳузури президентҳои кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе роҳандозӣ шудааст, имрӯз, 13-уми сентябр низ идома дорад.
Дар шаҳри Душанбе рӯзи сеюм аст, ки ба далели тадобири амниятӣ ҳаракати мошинҳо дар кӯчаҳои калидӣ маҳдуд аст ва мардум аксаран пиёда мегарданд. Дарвозаҳои “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистон низ рӯзи сеюм аст, ки бастаанд. Ин ҳолат ба гуфтаи тоҷирони бозор барояшон зараровар аст. Як тоҷири ин бозор, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, изҳор дошт, ки “се рӯз боз кор намекунем. Дар ҳоле, ки охири моҳ мебиёянд ва чун ҳарвақта пули андоз, иҷора ва дигару дигарро талаб мекунанд.”
Ронандаҳои мусофиркаш низ изҳор медоранд, ки дар пайи роҳбандиҳо маҷбуранд гирди шаҳр гарданд, ки дар натиҷа хатти сайри онҳо низ тӯлонӣ гашта, хароҷоташон афзоиш ёфтааст. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи онҳо ҳаққи роҳкиро тағйир наёфтааст.
Дар ҳамин ҳол Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки раҳбарии ситоди амниятӣ зимни ҳузури президентҳои кишварҳои хориҷиро дар Душанбе ба уҳда дорад, аз тадобири амниятӣ дар пойтахт тавсиф карда, изҳор медорад, ки тайи чанд рӯзи охир дар пойтахт ва навоҳии атрофи он ягон ҷиноят содир нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |