Норозигии додситонӣ аз ҳукм алайҳи шарикони “Тоҳири рекет”
Додситони вилояти Хатлон ҳукми додгоҳро алайҳи 3 шарики Тоҳир Тешаев, мулаққаб ба «Тоҳир-Сиёҳ» ё “Тоҳири рекет” сабук хонда, ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти эътирозӣ бурдааст.
Қаблан Додгоҳи вилояти Хатлон Фариддун Зокиров, Баҳодур Боев ва Маҳмад Низомовро дар ҳамдастӣ бо Тоҳир Тешаев ва дар ҷиноятҳои авбошӣ гунаҳкор дониста, Зокиров ва Боевро 12 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се сол шартан аз озодӣ маҳрум карда буд. Маҳмад Низомовро додгоҳ ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Фариддун Зокиров мегӯяд, ин ҳукми додгоҳ норозигии додситониро ба бор овардааст. Ба иттилои ин манбаъ додситонӣ аз ҳукм алайҳи худи Тоҳир Тешаев, ки барои куштору авбошӣ 18 сол ҳукм гирифтааст, розист.
Тоҳир Тешаев, фармондеҳи як гуруҳи силоҳбадасти солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буда, ӯро дар Хатлон бештар бо лақабҳои “Тоҳир-Сиёҳ” ва “Тоҳири рекет” мешиносанд. Ӯ яке аз шарикони Файзалӣ Саидов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |