Аз гиряҳо то маҳрум мондани Кабирӣ аз стипендияи ленинӣ

Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон дар мулоқоташ бо ҷавонон гуфт, имрӯз Истиқлол ба арзиши миллӣ табдил шуда, ифтихор бо он вазифаи шаҳрвандӣ ва дифоъ аз он фарзи имонӣ аст. Ӯ дар идома афзуд, “ба хотири ҷонибдорӣ аз истиқлолияти давлатӣ 23 сол қабл моро хоин эълон карда, ҳатто аз стипендияи ленинӣ маҳрум карданд”.
“Ба афроде ки имрӯз истиқлолиятро ба манофеи шахсӣ табдил додаанд, чун истиқлолият ба онҳо мансабу мақому хона додааст, гуфтаниам, нафароне ҳастанд ки дар вақташ барои ин истиқлолият ҷонбозиҳо кардаанд”,-илова намуд Муҳиддин Кабирӣ.
Райиси ҲНИТ аз Тоҳири Абдуҷаббор, Қадриддин Аслонов ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ барои мустақил шудани Тоҷикистон нақши калидӣ доштанд: “мо мехоҳем вақти чунин ҷашнҳо дар баробари дигарон аз ин шахсиятҳо ҳам ном гирифта шавад, набояд хидмати бархеҳоро нодида гирифт”.
Дар идомаи суҳбаташ Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандию аҳзоби сиёсӣ борҳо собит кардаанд, ки бо вуҷуди ихтилофи назар бо ҳукумат, дар масоили марбут ба манофеи миллӣ “дар гирди ҳукумат ҷамъ мешаванд”. Ба таъкиди ӯ, “замоне расида, ки истиқлолияти давлатиро бо баргузории интихоботи шаффоф комилу мустаҳкам намоем. Вақте давлат қудратманду ҳарфаш ҳарф аст, ки пушти он миллату мардум меистад".
ДАР БОРАИ ҶАВОНОН ВА ГУРУҲҲОИ ИФРОТӢ
Вакили парлумон далели аслии гароиши ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротиро ба интихоботҳои ғайришаффофи ҳукуматдорон марбут донист: “Вақте интихобот шаффоф аст ва ҷавонон дар сурати мағлубият, интихоботи ояндаро интизор мешаванд”. Ӯ дар хитоб ба онҳое, ки бо ифротгароӣ мубориза мебаранд гуфт, “шумо ҳоло натиҷаро илоҷ мекунед, ба ҷои он ки сабабро муолиҷа кунед”.
Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, онҳо дар масъалаи мубориза бо ифротгароӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамфикранд, аммо ба навъҳои он ихтилоф доранд: “Инҳо фикр мекунанд вақте ҳиҷобро манъу шиорҳои исломиро барчинанд ифротгароӣ кам мешавад, аммо ин дидгоҳи танг аст, роҳҳали асосӣ адолати иҷтимоӣ, интихоботи шаффофу озод ва мардумӣ аст”.
ОЗОДИИ ДИНӢ ДИҲЕД, КАСЕ АЗ НАҲЗАТ ПАЙРАВӢ НАМЕКУНАД
Муҳиддин Кабирӣ дар мулоқот бо ҷавонон ба маҳдудиятҳои динӣ ва фишор болои ҳизбаш ҳам дахл карда, гуфт, “шумо озодиҳои динӣ бидиҳед касе аз ҳизби наҳзат пайравӣ намекунад. Панҷ соли натиҷаи фишору маҳдудкуниҳоро дидем, тоҷик дар Сурия амир шудааст, биёед панҷ соли дигар озодии динӣ диҳем, бинем чӣ мешавад”. Дар идома Кабирӣ даъват кард, ҲНИТ-ро ҷузъи миллат дониста, рақобатҳои носолимро канор бигузоранд. “Агар бо фишору маҳдудсозӣ ва эҷоди монеа барои аҳзоб мехоҳед пеши ифротгароиро бигиред, донед ки шумо роҳро барои онҳо боз кардед”,-гуфт вай.
ЧОР ГИРЯИ КАБИРӢ, ЯКЕ БАРОИ ЗАЙД
Ҷаноби Кабирӣ гуфт, барои соҳибкори зиндонӣ Зайд Сайидов гиристааст: “Дар 5-6 соли охир 4 бор гиристаам: барои реҳлати раҳбарони ҲНИТ, барои реҳлати модарам ва бори охир ба ҳоли Зай Сайидов”. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |