Ҷинпин дар Душанбе ихтисоси 5 миллиард $-ро ваъда кард
Сӣ Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин, имрӯз, 12-уми сентябр дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рушди иқтисодиро сарчашмаи амну суботи минтақа хонда, хабар дод, ки барои рушди кишварҳои СҲШ 5 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.
Сӣ Ҷинпин таъкид кард, ин маблағҳо дар шакли қарз дар доираи Хазинаи ҳамкории иқтисодии “Чин-АвруОсиё” ҷудо шуда, дар марҳилаи аввал як миллиард ихтисос хоҳад ёфт.
Раисиҷумҳури Чин ҳамчунин таъкид кард, ки соле кишвараш омода аст, ба 3 ҳазор нафар аз кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар умури технология ва идоракунӣ таълим диҳад.
Сӣ Ҷинпин дар пасманзари номуътадилиҳо зарур хонд, ба таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла истеҳсоли ғалладонагиҳо дар қаламрави Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи бештар дода шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |