Бахшҳо
12 сен 2014 13:53Тоҷикистон / Сиёсат

Син Фен: Интернет ва таҳрифи гуфтаҳои Қуръон-“силоҳ”-и нави террористҳост

Шан Син Фен, масъули мубориза бо терроризми Созмони ҳамкории Шанхай, имрӯз, 12-уми сентябр зимни ҳисоботаш ба сарони кишварҳои узви созмон гуфт, “мағзшӯӣ дар интернет” ва таҳрифи гуфтаҳои Қуръон ба силоҳи нав дар дасти террористҳо табдил ёфтааст.

Шан Син Фен гуфт, тайи як соли гузашта, ки мудирият дар СҲШ-ро Тоҷикистон ба уҳда дошт, масъулини мубориза бо терроризми ин созмон чандин амалиёти созмонҳои террористиро ҷилавгирӣ кардаанд.

Ӯ изҳор дошт, ки дар қаламрави кишварҳои СҲШ созмонҳои террористӣ аз қабили Ҳаракати Исломии Узбакистон, Аморати Қафқоз ва дигарон тариқи паҳни наворҳо дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ба таблиғи фаъолияти худ ва ҷалби аъзои нав машғуланд: “Мо даҳҳо сомонаҳои ин созмонҳоро ошкор кардем, ки дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ ҳазорҳо бинанда доштанд. Рӯйхати ин сомонаҳоро ба ниҳодҳои дахлдори кишварҳои СҲШ пешниҳод кардем. Созмонҳои террористӣ дар сомонаҳо ба мағзшӯӣ ва таҳрифи гуфтаҳои Қуръон машғул шуда, ба ҳамин минвол фаъолияташонро таблиғ мекунанд.”

Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон низ зимни ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ ифротгароӣ ва гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноиро таҳдидҳои асосӣ на танҳо дар қаламрави СҲШ балки дар тамоми ҷаҳон хонда, таъкид намуд, ки бархеи онҳо мероси шуми қудратхоҳии баъзе абарқудратҳост: “Ба номи демократия гуруҳҳои алоҳидаро ҳимояти молӣ мекарданду имрӯз тасаввур мекунанд, ки бо бомбпартоиҳои ҳавоӣ масъаларо ҳал хоҳанд кард, ки нодуруст аст.”

Ба ақидаи Руҳонӣ ҳалли ин масъала ҳамкории давлату мардумро талаб мекунад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)