Воқеияти Афғонистон аз нигоҳи Каримов ва “даст”-и Русия дар Украина

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе баромадашро аз миннатдорӣ барои меҳмоннавозии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон оғоз намуда, афзуд, ки СҲШ имрӯз ба созмони бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Каримов қисмати асосии суханронияшро ба Афғонистон бахшида гуфт, сарфи назар аз ҳар гуна изҳороти некбинона, вазъ дар ин кишвар майли номуътадилӣ дорад: “Ин, ки ҷанг роҳи ҳалли буҳрон дар Афғонистон нест, мо чандин сол пеш гуфтем. Дар давоми солҳои ҷанг насли нави афғон калон шудааст, ки тасаввурот дар бораи ҳаёти осоишта надорад. Халқ оромӣ мехоҳад, аммо тайи 30 соли гузашта мутаассифона касе назари афғонистонии оддиро намепурсид.”
Каримов вазъе, ки баъди интихобот рух додааст, таҳдиди воқеӣ ба амният дар Афғонистон хонда, ҷонибдории кишварҳои алоҳидаро аз нерӯҳои алоҳидаи сиёсии Афғонистон замина барои ноамниҳои нав хонд: “Узбакистон аз он роҳбаре ҳимоят хоҳад кард, ки мардуми Афғонистон интихоб мекунанд.”
Ба ақидаи Каримов дар пайи хориҷ шудани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон таҳдиди ноамниҳо ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар афзоиш меёбад ва ин ба ҳар як узви СҲШ дахл дорад.
Дар робита ба буҳрони Украина Каримов ҷонибдорияшро аз роҳи сулҳомези ҳалли қазия баён карда, афзуд, ки бояд аз аввал гуфтушунидҳо мустақиман сурат мегирифтанд: “Муътақидам, ки Украина бояд аз аввал мустақиман бо Русия гуфтушунид мебурд ва дар ин раванд бояд манофеи Русия дар минтақа ба назар гирифта шаванд, ки тайи қарнҳо ташаккул ёфтаанд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |