“Тоҷик Эйр” ба мусофирон мурғи обпаз, “Добрый”, панири обшуда ва маёнезу шакар медиҳад

“Тоҷик Эйр” мегӯяд, аз аввали моҳи ҷорӣ номгӯи ғизои мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкатро такмил кардааст.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба “Озодагон” гуфт, номгӯи хурок бо назардошти дархост ва пешниҳоди мусофирон таҳия гардида, ғизои пешниҳодшуда ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар шудааст: "Ғизои пешниҳодшударо ҳайати комиссияи чошнигирӣ, роҳбарияти ширкат ва чанде аз ҳамкорони ширкат, ки бо ғизо сару кор доранд, санҷиданд”.
Ҷаноби Шодиев мегӯяд, дар чанд парвоз миёни мусофирон назарпурсӣ анҷом дода, дар мавриди интихоби ғизо андешаҳояшонро фаҳмидаанд: “Аз рӯйи хулосаи назарпурсӣ дар парвозҳои ибтидои моҳи сентябр, маълум гардид, ки ғизои нав таҳияшуда ба мусофирони ҳамаи дараҷаҳо хуш омадааст”.
Сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меафзояд, ҳарчанд бо пешниҳоди ғизои нав хароҷоти ширкат афзуд, аммо он ба арзиши билетҳо таъсир нарасонд. “Барои мисол, хароҷоти якмоҳаи ширкат дар бахши ғизо алъон 323 280 долларро ташкил медиҳад, дар гузашта ин нишондод ба 265 106 доллар мерасид. Хароҷоти яксола бошад, ба 3 879 360 доллар баробар аст”,-илова намуд Муҳаммадюсуф Шодиев. Ба гуфтаи ӯ номгӯи хӯрокҳо аз ин қарор аст: мурғи обпазшуда бо биринҷ, гӯшти дамдодашуда бо картошка, нушобаи “Добрый”, хуришҳои сабзавотӣ, гӯштӣ, равғани маска, мураббо, панири обкардашуда, маёнез, қаҳва, шакар, қаймоқ ва карамел. Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |