Назарбоев дар бораи танишҳои марзӣ, об ва Украина
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон зимни ҳамоиши сарони СҲШ дар Душанбе дар пасманзари афзоиши номуътадилиҳо дар ҷаҳон зарурати фаъолтар шудани Созмони ҳамкории Шанхайро таъкид кард.
Ӯ гуфт таҳкими ҳамкорӣ дар умури амният ва созишнома дар соҳаи ҳифзи сарҳадот бояд аз ҷумлаи афзалиятҳои кори СҲШ бошад. Назарбоев дар мавриди қабули аъзои нави СҲШ илова кард, ки ин раванд бояд шаффоф сурат бигирад: “Ҳиндустон ва Покистон хостори узвият дар СҲШ шудаанд ва мо умед дорем, ки онҳо аҳдофи асосии ин созмонро сармашқи кори худ қарор хоҳанд дод.” Назарбоев инчунин аз барномаи ҳастаии Эрон зикр карда, гуфт муколамаи Теҳрон бо кишварҳои Ғарб бояд густариш ёбад то таҳримот лағв гарданду роҳи ин кишвар ба узвият дар СҲШ кушода шавад.
Раисиҷумҳури Қазоқистон инчунин дар доираи СҲШ зарур хонд, ки Иттиҳоди байнибонкӣ ва Бошгоҳи энергетикии Созмони ҳамкории Шанхай фаъолтар шаванд ва бештар таваҷҷуҳ ба манобеи барқароршавандаи нерӯ дода шавад.
Дар мавриди Афғонистон Назарбоев афзуд, ки калиди ҳалли мушкилоти ин кишвар дар дасти халқ ва ҳукумати ин кишвар аст.
Раисиҷумҳури Қазоқистон инчунин буҳрони Украинаро нигаронкунанда хонда, афзуд, ки ҳаҷми ин буҳрон барвақт аз ҳадди қаламрави ин кишвар баромадааст: “Ягона роҳи ҳалли буҳрон дар ҷануби Украина муколамаи сиёсӣ ва мусолимат мебошад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |