Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳо барои Хилофати Исломӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳайати васеи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва нозирони ин созмон аз дастёбии гуруҳҳои алоҳида ба таҷҳизоти муосири низомӣ изҳори нигаронӣ кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни баромадаш дар ҷаласа изҳор дошт, ки гуруҳҳои алоҳида соҳиби таҷҳизоте шудаанд, ки қаблан танҳо давлат дар ихтиёр дошт.
Эмомалӣ Раҳмон аз нооромиҳо дар Шарқи Наздик аз ҷумла талошҳо барои таъсиси хилофати исломӣ зикр карда, ҳушдор дод, ки он ба минтақаи мо низ таъсири манфӣ мерасонад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки ин афрод ҳеч робита бо Исломи ноб надоранд.
Ӯ афзуд, ки ҷаҳон шоҳиди пайдо шудани нуқтаҳои нави даргирӣ шуд, ки ба минтақаи СҲШ низ бетаъсир намемонад: “Ин ҳама боиси коҳиши рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо мегардад.“
Эмомалӣ Раҳмон инчунин илова намуд, ки дар умури ҳамкории иқтисодӣ низ кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба дастовардҳои назаррасе ноил нашудаанд ва густариши чораандешиҳоро дар ин самт зарур хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |