Ҳимояти Эмомалӣ Раҳмон аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ҳимоят карда, онро роҳҳали бунбасти сиёсии ин кишвар хондааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин ҳарфҳоро дар мулоқот бо ҳамтои афғонаш – Ҳомид Карзай субҳи 12 сентябр дар шаҳри Душанбе баён доштааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии кишвар, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмӣ ва дар ин замина таъсис додани Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ натанҳо барои мардуми азияткашидаи ин кишвар, балки барои кулли минтақа басо муҳим аст.”
Инчунин ҷонибҳо дар ин мулоқот мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии ду кишвари ҳамсояро баррасӣ кардаанд. Дар идома изҳори боварӣ шудааст, ки таҷрибаи ҳамгироии Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар самти нигаҳдории амнияту субот дар марзи муштараки давлатӣ ва мубориза бо қочоқи аслиҳаву маводи мухаддир ва ҳам пешгирӣ аз терроризму экстремизм оянда низ идома хоҳад дошт. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома ба “боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзии ду кишвар” таъкид кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |