Сабти 3 садамаи маргбор дар Хатлону Бадахшон дар як рӯз
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 11-уми сентябр дар кишвар се садамаи маргбор сабт шудаанд, ки якеаш дар Бадахшон ва дутои дигар дар Хатлон сар задаанд.
Ба иттилои манбаъ 11-уми сентябр, Фирӯз Мамадаминов, сокини 25-солаи Рӯшон, сари фармони автомашинаи “Мусо” аз уҳдаи идораи он набаромада, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст: “Дар натиҷа худи ронанда ва мусофираш Мамадраҳимов Рауф, сокини 22-солаи ноҳияи Ванҷ дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.”
БДА мегӯяд, феълан барои дарёфт намудани ҷасади ронанда корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки худи ҳамон рӯз дар натиҷаи беэҳтиётии ронандагон дар ноҳияи Қубодиён ва шаҳри Кӯлоб пиёдагардон ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |