Ҳасани Руҳонӣ бо далели суханронӣ дар СҲШ ба намози ҷумъа намеравад

Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии исломии Эрон, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба намози ҷумъа ҳозир нахоҳад шуд.
Тавре аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба “Озодагон” хабар доданд, замони суханронии Ҳасани Руҳонӣ дар ҷаласаи СҲШ бо вақти намози ҷумъа рост омадааст ва аз ин рӯ, наметавонад ба намози ҷумъа биравад. Манбаъ мегӯяд, аммо тамоми аъзои ҳайати ҳамроҳикунандаи раиси ҷумҳури Эрон ба намози ҷумъа хоҳанд рафт.
Ҳасани Руҳонӣ рӯзи 10 сентябр аз Қазоқистон ба пойтахти Тоҷикистон ташриф оварда, бо президент - Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ дошт. Райиси ҷумҳурони ду кишвар бо пахши тугма чархаи дуюми неругоҳи "Сангтуда-2"-ро ба кор дароварданд. Ҳамчунин, Руҳонӣ бо олимону донишмандони тоҷик ва эрониёни муқими Тоҷикистон суҳбат намуд. Ин нахустин сафари Ҳасани Руҳонӣ баъди ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишастани ӯ ба Тоҷикистон мебошад.
Ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз, 12 сентябр дар “Кохи Наврӯз”-и шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар он Нурсултон Назарбоев, Алмосбек Отамбоев, Си Ҷинпин, Владимир Путин, Ислом Каримов, райиси ҷумҳурони Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия ва Узбакистон иштирок доранд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |