АКС: Имзои санадҳо дар бораи аъзои нави СҲШ дар Душанбе

Дар “Кохи Наврӯз”-и шаҳри Душанбе ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай оғоз гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ ҳамтоёнаш аз кишварҳои хориҷро хайримақдам гуфта, пешниҳод кард, ҷаласаи сарони СҲШ аз тасдиқи рӯзномаи ҷаласа дар ҳайати хурд оғоз гардад.
Ҷаласа дар ҳайати маҳдуд феълан бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон идома дорад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, роҳбарони кишварҳои нозири аз ҷумла раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай, президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ ва мушовири сарвазири Покистон Сартоҷ Азиз ба ҷаласа дар ҳайати васеъ даъват мешаванд.
Аз ҷумлаи санадҳои мавриди таваҷҷуҳи ин ҳамоиш, ки аллакай мувофиқа шудаанду ва ба имзо хоҳанд расид, қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв мебошанд, ки барои қабули аъзои нав ба Созмони ҳамкории Шанхай роҳ мекушоянд.
Ҷараёни нишастро 600 хабарнигори дохилию хориҷӣ пайгирӣ доранд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |