Баҳси Афғонистон дар мулоқоти сафири Тоҷикистон ва намояндаи сенатори Амрико
Фарҳод Салим, сафири Тоҷикистон дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо сенатор Бенҷамин Кардин (намояндаи штати Мэриленд) ва Ҷон Сенди, раҳбари дастгоҳи сенатор Ҷеймс Риш (намояндаи штати Айдаҳо) мулоқот анҷом додааст.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар ИМА хабар доданд, дар мулоқот бо ҷаноби Кардин ҳамкориҳои Душанбеву Вашингтон ба баррасӣ гирифта шудааст. Инчунин, масоили амнияти минтақавӣ, лоиҳаҳои энергетикиву коммуникатсионӣ, мубориза алайҳи гардиши маводи мухаддир ва терроризм низ аз мавзӯъҳои ин суҳбат будааст. Сенатор Кардин ба зарурати ҳамкориҳо дар бахши ҳуқуқи инсон дар доираи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таъкид кардааст.
Аммо ба иттилои манбаъ, мавзӯи суҳбати Фарҳод Салим ва Ҷон Сенди машваратҳои дуҷонибаи солона, эҳёи субот ва иқтисодиёти Афғонистон, таҳкими марз дар ҷануби кишвар ва ҳамкориҳои муштараки иқтисодӣ будааст. “Сафари Тоҷикистон ба зарурати лағви иловаи Ҷексон Венник нисбат ба ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуд”,-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |