Раҳмону Путин аз танзими муҳоҷирати корӣ ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтаанд
Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, райиси ҷумҳурони Тоҷикистону Русия, ки шоми рӯзи гузашта сурат пазируфт, бино ба қавли дафтари матбуотии президенти кишвар “таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба тасвиб расондани созишномаи байниҳукуматӣ доир ба содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва танзими муҳоҷирати корӣ зоҳир гардид”.
Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвар ва рушди ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шудааст. “Владимир Путин ба сатҳи омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамзамон аз афзоиши намоёни ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли равон изҳори хушӣ кард”,-иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо изҳори боварӣ кардаанд, ки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия барои таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон минбаъд низ идомаи босамар хоҳад дошт.
Владимир Путин рӯзи гузашта (11 сентябр) ба Душанбе омад ва имрӯз дар кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай иштирок мекунад. Соли 2015 раҳбарии ин созмонро Русия бар душ хоҳад дошт ва қарор аст, саммити навбатии СҲШ соли оянда дар Уфа баргузор шавад.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |