АКС: Мулоқоти “басо муҳим”-и Раҳмон бо Ислом Каримов ва ваъдаи Нурсултон Назарбоев

Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳамтои узбакаш-Ислом Каримов гуфтааст, “бешубҳа, муносибот бо Узбекистон барои Тоҷикистон аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад”.
Дафтари матбуотии президенти кишвар бо таъкиди “басо муҳим” будани ин мулоқот гуфтааст, сарони ду кишвар ба таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки тайи таърихи тӯлонии ҳамзистии мардумони ду кишвар ташаккул ёфтааст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки “мехоҳам махсус таъкид намоям, мо ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Узбекистони бародар, тавсиаи арсаҳои ҳамгироӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи сатҳу зинаҳо самимона манфиатдорем”.
Аммо дафтари матбуотии президенти кишвар менависад, ҷонибҳо бо таассуф зикр кардаанд, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя аз 300 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2007 то ба 2,1 миллион дар соли 2014 коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки бо назардошти имконоти мавҷуда ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни Тоҷикистону Узбекистон метавонад беш аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил диҳад. “Зимни суҳбати созанда, ки дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифт, изҳори боварӣ карда шуд, мушкилу монеаҳои мавҷуда аз роҳи рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар доираи Аҳднома доир ба дӯстии абадӣ, ки соли 2000 ба имзо расида буд, бартараф хоҳанд шуд”,-илова кардааст манбаъ.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дидору гуфтугӯ намуда, масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишварро баррасӣ кардаанд. Нурсултон Назарбоев Қазоқистонро “шарики дуюми тиҷоратии Тоҷикистон” дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баъди Русия номида, зикр кардааст, кишвараш “ҳамеша дар паҳлӯи Тоҷикистон қарор дошт ва минбаъд низ чунин муносибат идома меёбад”.
“Дар идомаи суҳбат фаъолияти бештару назарраси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкорӣ ва беҳсозии шароити кории Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон зарур шумурда шуд. Тавре зикр гардид, Хазинаи сармоягузории мустақими ду кишвар ҳанӯз соли 2008 таъсис ёфта буд, вале то ҳол фаъолияти назаррас надорад”,-иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон.
Гуфтанист, Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Душанбе омадаанд, ки фардо, 12 сентябр дар “Кохи Наврӯз”-и пойтахт баргузор хоҳад шуд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |