Боздошти зани тоҷик, ки аз “бомбгузории вокзали Московский” хабар дода буд
Пулиси нақлиёти Маскав аз боздошти як зани 44-солаи тоҷик хабар додааст. Гуфта мешавад, ин хонум дар мавриди бомбгузорӣ шудани вокзали Московский дар Петербург хабари бардурӯғ додааст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин хонум зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар Русия ҷои муайяни зист надорад. Дар гузашта бо иттиҳоми дуздӣ ва ҷиноятҳои марбут ба фурӯши қайриқонунии силоҳ дастгир шудааст. Ин зан, ки аз ӯ ном бурда нашудааст, зимни бозҷӯӣ гуфта, субҳи дирӯз вақте аз вилояти Белгород ба Санкт-Петербург бармегашт, ба пулис занг зад ва дар мавриди “бомбгузории вокзал” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин корро “аз бекорӣ” анҷом додааст.
Баъди хабар дар мавриди бомбгузорӣ шудани толори интизории вокзал, қисме аз мусофирон берун бароварда шуда, мутахассисон ба ҷустуҷӯи бомб шурӯъ кардаанд, аммо он пайдо нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |