Бахшҳо
11 сен 2014 15:05Тоҷикистон / Сиёсат

VIDEO: Карзай, Ислом Каримов, Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи Душанбе

Баъд аз зуҳри имрӯз, 11 сентябр Ислом Каримов, Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев, Алмосбек Отамбоев ва Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳурони Узбакистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон вориди Душанбе шуданд.

ВИДЕОИ ВУРУДИ ИСЛОМ КАРИМОВ ИНҶОСТ

Ислом Каримов, ки ба манзури иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон омад, бо президент - Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти хоса хоҳад дошт. Чунин як мулоқоти онҳо чор соли пеш, ҳамчунин дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ сурат гирифта буд, ки дар Тошканд баргузор шуд. Аммо Ислом Каримов бори охир шаш соли пеш ба Душанбе омада буд.

Муносибати Тоҷикистону Узбакистон дар чанд соли ахир ба сардӣ гаравид. Узбакистон аз мухолифони ашади тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғуни Тоҷикистон аст ва иддао дорад, дар сурати бунёди садди 335-метрии обанбори ин нерӯгоҳ кишварҳои поёноби минтақа ташналаб хоҳанд монд. Тошканд инчунин борҳо алайҳи корхонаи алёминиюми тоҷик, ТАЛКО, баромад карда, фаъолияти онро ба муҳити зист зараровар хондааст. Иддаҳоҳое, ки Душанбе ҳамеша рад мекунад.

Ислом Каримовро дар фурудгоҳи Душанбе нахуствазир Қоҳир Расулзода ва вазири умури хоричӣ Сироҷиддин Аслов пешвоз гирифтанд.

VIDEO: Карзай, Ислом Каримов, Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи Душанбе

VIDEO: Карзай, Ислом Каримов, Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи Душанбе


Ҳавопаймои Владимир Путин, райиси ҷумҳури Русия низ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст. Путинро дар фурудгоҳ Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

ВИДЕОИ ВУРУДИ ПУТИН БА ДУШАНБЕ

VIDEO: Карзай, Ислом Каримов, Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи Душанбе

VIDEO: Карзай, Ислом Каримов, Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи Душанбе


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон ҳам бо фосилаи андак баъди вуруди ҳамтои русаш вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Ба дунбол ҳавопаймои Алмосбек Отамбоев, райиси ҷумҳури Қирғизистон ба Душанбе фуруд омад.

ВИДЕОИ ИСТИҚБОЛ АЗ НАЗАРБОЕВ

НАВОРИ ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН

VIDEO: Карзай, Ислом Каримов, Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев дар фурудгоҳи Душанбе


Баъд аз аср, Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури Афғонистон ҳам ба Душанбе расид. То лаҳзаи охир дар мавриди иштироки ӯ маълумоти дақиқ набуд. Ҳатто ҳадс зада мешуд, ки шояд нафари дигаре бо намояндагӣ аз Афғонистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои СҲШ иштирок намояд.

ИСТИҚБОЛ АЗ КАРЗАЙ

ҲАМАИ НАВОРҲОИ ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ВОЛОМАҚОМ ДАР ИН САҲИФА АСТ

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Sanyk
Пайи кадаматон хуш бошад ва худо хохад, ки ба шарофати шумо дар дунье тинчию амони хукумфармо шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)