Мақомот: Муттаҳамон дар куштори таксист нагурехтаанд

Мақомоти пулиси ноҳияи Рӯдакӣ фирори сарбозони пойгоҳи низомии 201-ро, ки дар куштори Раҳимҷон Тешабоев -- як ронандаи таксӣ муттаҳам мешаванд, рад карданд.
Тавре аз шуъбаи умури дохилии Рӯдакӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Сахапов Илдар ва Басимов Федор, гумонбарони куштори таксист феълан дар боздоштгоҳи пойгоҳи низомии 201-и Русия қарор дошта, парвандаашон ба намояндагони додситонии ҳарбии ин пойгоҳ супорида шудааст: “Мо тамоми корҳоро ба анҷом расондем. Ин ду сарбози пойгоҳи низомии Русия зимни баёнот сад фоиз гуноҳи худро иқрор шуданд ва баъди иқрори гуноҳашон онҳо ба боздоштгоҳи пойгоҳ интиқол ёфтанд.”
Манбаъ таъкид намуд, ки сарусадо дар мавриди фирори гумонбарони қатли Раҳимҷон Тешабоев беасос буда, дар сурати рух додани чуин ҳодиса онҳо ҳатман огоҳ хоҳанд шуд.
Куштори Раҳимҷон Тешабоев, сокини шаҳри Душанбе, 19 августи соли ҷорӣ дар лаби кӯли деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ иттифоқ уфтодааст, ки ба иттилои мақомоти тоҷик аз ҷониби сарбозони рус амалӣ шудааст. Мақомот мегӯянд, сарбозон қарзи ин ронандаи тоҷикро нагардонда, хостаанд ба ҳамин тариқ мушкили қарздорияшонро ҳал кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |