Созиши президентҳои тоҷику муғул оид ба кушодани "асрор"-и таърих

Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Муғулистон иқрор кардаанд, ки имконоти ду кишвар дар умури тиҷорату иқтисод ба таври лозимӣ истифода намешаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 11-уми сентябр, дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои муғулаш Сахиагийн Элбегдорж, зимни баррасии масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ ҷонибҳо эътироф кардаанд, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии онҳо ба имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҷавоб гуфта наметавонад: “Аз ин хотир, ба ташкил ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, ба хусус чорводорӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он ба мисли гӯшту шир ва пӯсту пашм, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.”
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки ҷониби Муғулистон ҳамчунин ба меваю сабзавоти Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир намуд.
Ба иттилои манбаъ дар умури ҳамкории илмию фарҳангӣ ҷонибҳо зарур хондаанд, ки олимону таърихнигорони ду кишвар бояд имкони дастрасӣ ва кор дар бойгониҳои ҳамдигарро дошта бошанд, зеро дар онҳо маъхазҳои ҳанӯз наомӯхташудаи таърихи асрҳои миёна хеле зиёданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |