АКС: Хонадоршавии ҷавони тоҷик дар Маскав тӯйи сол эълон шуд
Расонаҳои Русия маъракаи хонадоршавии Шамс Ҷумабоев, як ҷавони тоҷик дар Русияро тӯйи сол эълон карданд.
Ҷумабоев бо Анастасия Шевченеко, духтари Яна Шевченко, молики тамғаи мӯди “YanaStasia” хонадор шудааст ва шореҳони рус тӯйашонро “тӯйи дизайнерии сол” арзёбӣ кардаанд.
Дар маросими хонадоршавии ин ду ҷавон шахсиятҳои маъруфи шоубизнеси Русия- балерина, Анастасия Волочкова, муҷрии барномаи “Дом-2”, Ксения Бородина, Анна Гороҷая, Арчи, Корнелия Манго, Артём Сорокин, Прохор Шаляпин, Лариса Копёнкина ва дигарон ҳузур доштаанд.
Шамс Ҷумабоев қаблан дар тимҳои футболи гуногуни Русия ва чанд муддат дар тими Истиқлоли Тоҷикистон бозӣ карда, феълан дар соҳаи тарроҳӣ ва шоубизнеси Русия фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |