Ғаффоров: То қудрат дорам, аз раёсати ҲСТ намеравам

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҷиноҳи сабтиномшудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, то ҳадди тавоноияш аз раёсати ҳизб нахоҳад рафт.
Ӯ ин нуқтаро рӯзи 11 сентябр дар суҳбат ба "Озодагон" таъкид карда, афзуд, ҳатман дар интихоботи парлумонии соли 2015 ширкат мекунад: “Аз ҳизби мо барои курсӣ дар парлумон 14 номзад мубориза хоҳанд бурд.”
Оқои Ғаффоров афзуд, гарчанде пешниҳодашон барои тағйирот дар қонуни интихобот, яъне роҳ ёфтани нозирони аҳзоб ба ҳавзаҳои интихоботӣ қабул нагардид, ӯ бовар дорад, интихобот шаффофу демократӣ мегузарад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Мирҳусейн Назриев, раиси ҷиноҳи сабтиномнашудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба “Озодагон” аз эҳтимоли барканории Ғаффоров то интихоботи соли 2015 хабар дода, афзуд, ки худаш дар ин раъйпурсӣ ба ҳайси номзад аз яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат хоҳад кард: “Аъзои ҳизб аз Абдуҳалим Ғаффоров пуштибонӣ намекунанд ва эҳтимолан то интихоботи парлумонӣ аз вазифаи раисии ҳизб барканор шавад”.
Назриев муътақид аст, ки дар арафаи интихобот ҳар ду ҷиноҳи ҳизб якҷо шуда, баъди сабт дар Вазорати адлия ҷиноҳи ғайриҳукуматии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар анҷуманҳо тасмимгирӣ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |