Бахшҳо

Нашри фатвои куштани сагони девона дар Тоҷикистон

Дар пайи шикоятҳои зиёд ва тарси сокинон аз афзоиши сагони девона дар Тоҷикистон сомонаи хонаводагии Тураҷон. Орг фатвое нашр кардааст, ки куштани ин гуна сагонро ҷоиз медонад.

Тураҷон. Орг, сомонаи хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо навиштааст, “агар сагҳои дайду газанда бошанд, куштани онҳо ба иттифоқи олимон ҷоиз аст.”

Ин фатво дар ҷавоб ба суоли корбаре мебошад, ки гуфтааст, “сагҳои бесоҳиби газанда ба мусалмонон зарар мерасонанд. Аз ҷумла дар вақти намози хуфтану бомдод аз ҳароси сагҳо баъзеҳо ба масҷид намераванд. Оё куштанашон ҷоиз аст?”

Turajon.org дар идомаи посух ба ин суол аз суханони паёмбар (с) иқтибос оварда, мегӯяд, 5 ҳайвон аст, ки Ислом ба куштани онҳо иҷоза додааст ва яке аз онҳо ин саги газанда мебошад. Дар шарҳи ин гуфтаҳо торнамо илова кардааст, агар ин сагҳо соҳиб дошта бошанд, ба хотири ҳалли ин мушкил ба онҳо муроҷиат кунед.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз ҳадафи ҳамлаи сагони девона қарор гирифтани 23 сокини ин минтақа дар давоми ду-се рӯз хабар дода буд. Ин ниҳод гуфт, дар пайи як амалиёти кормандонаш 92 саг аз деҳоти зикршуда безарар гардонида шуданд.
Мӯҳр
.
Хамин хам саволе шуд, ки аз домулло пурси? Чи каллаи худат кор намекунад? Саг ки хучум кард бо кадом рохе ки метавони худро химоя кун.

Кобил
метарсам кадом рузе хамин нодонхо аз ин муллохо мепурсанд, ки Биё ку нишон те ман бо занам чи хел хоб равам?

МАН АЗ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи ХОХИШ МЕКУНАМ, КИ ВАКТЕ БА БЕЗАРАРГАРДОНИ ИН САГХО МЕБАРОЕД ИЛТИМОС ДАР ПЕШИ ЧАШМОНИ КУДАКОН ХУРДУ КАЛОН НАПАРОНЕД АЗ ДИГАР РОХХОЕ ХАСТ ИСТИФОДА БАРЕД. ЯК ВАКТ ШОХИДИ ИН ХОЛАТ ШУДАМ РОСТИ ТАМОМИ РУЗ ТАЪБИ ХИРА АЗ ПЕШ САШМА ДУР НАМЕШУД ИН САХНА МАН МЕФАХМА ИН САГХОИ ДАЙДУ БАР ЗАРАРИ МОСТ, ЛЕКИН ВАХШИЁНА КУШТАНИ ИН ЧОНВАРОН ИН ГУНОХ АСТ.... БОКИ МЕХОХАМ САТХИ КОРДОНИТОН БАЛАНД ШАВАД ХАМАТАРФА ФИКР КАРДА БАД АМАЛ НАМОЕД.

e barodar qobil va digar shakhsi be nom agar musalmon boshi ba mo payombar bo zan hamkhobagi yak taraf istad hatto dar hojatkhona tozakardanro omuzonidaast in dini islom ast komil na dini demokratho harchiki khohi fatvo medihi az peshi khudat harkhel fatvoham nadeh va mardumro gumroh nakun

Хирадгаро
Мухтарам Абдулло. Хуб аст, ки пайгамбар ба шумо чи тавр дар хочатхона рафтор карданро омузондааст. Аммо агар пайгамбар ба шумо камтар акл хам медод хуб буд, то ки дар холатхои пешбининашуда аз он истифода бурда амал кунед.

Ин домуллохо аввал фатво медиханд, ки сагхои девонаро кушед, фардо фатво медиханд, ки касонеро, ки хичоб ва риш надоранд кушед ва он пайравони ифроти ва магзашон вайроншудаи онхо ин корро мекунанд.

e khiradgaroi be khirad dar mo musalmonho yagon kori peshbini nashuda namondaast ...hamaashro khudovand va payombarash khabar dodaast to ruzi qiyomat...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)