Дар вазорати молияи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба «Озодагон» аз ин ниҳоди молии кишвар гуфтанд, ки дар расми ифтитоҳи маросими ҷашнӣ Матлубхон Давлатов, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент тамоми кормандони мақомоти молияро бо ҷашни истиқлолият табрик намуда, аз номи Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони пешқадами мақомоти молия мукофотҳои давлатӣ супорид. Аз ҷумла ба Шавкат Соҳибов, муовини вазири молия, Тимуралӣ Авғонов, сардори раёсати сиёсати буҷа дар соҳаҳои иқтисодиёт, Салмон Алишоев, сардори раёсати буҷаи давлатии сарраёсати молияи ВМКБ, Мирзосафар Сафаров, сардори раёсати молияи ноҳияи Ҷиликул, Самандар Солиҳов, сардори раёсати молияи ноҳияи Рӯдакӣ, Давлатхоҷа Мирахмадов, сардори раёсати молияи ноҳияи Муъминобод, Маҳсиддин Султонов, сардори раёсати молияи ноҳияи Темурмалик бо медали Хизмати Шоиста сарфароз гардонида шуданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр