АКС: Нигаронии Руҳонӣ аз шиаситезӣ дар Душанбе: Мавлавӣ суннӣ буду, Фирдавсӣ шиа
Ҳасан Рўҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон, дар мулоқоташ бо олимону донишмандони тоҷик дар Душанбе аз шиаситезӣ, забони форсӣ, фарҳанги исломӣ ва ифротгароию роҳи ҳалли он суҳбат кардааст.
Тавре манобеи “Озодагон” аз ҷараёни ин мулоқот хабар доданд, Ҳасани Руҳонӣ гуфтааст, “ҳар касе, ки ба забони форсӣ сухан бигӯяд ва забони Ҳофиз, Саъдӣ, Рудакиву Фирдавсӣ ва Мавлавиро бифаҳмад шаҳрванди ифтихории Эрон маҳсуб мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, ки шаҳрванди Эрон аст ё Тоҷикистону Афғонистон ва забони форсиро тоҷикӣ меномад ё дарӣ.”
Руҳонӣ дар идомаи суханаш гуфт: “ Тоҷикистон ба унвони як кишвари мустақил, пораи тамаддун ва фарҳанги Эрон аст ва Эрон фарҳанги басе фарохтар аз Эрони сиёсӣ аст”.
Ба таъкиди Руҳонӣ, “забони форсӣ фақат қасидаву ғазалу рубоӣ набуда, балки як омили муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа ва ҷаҳон аст ва суханварони форсизабон фақат нозими калимоти зебо набудаанд”.
Раисиҷумҳури Эрон др идома аз афзоиши бархе гуруҳҳои ифротӣ ва шиаситезӣ шадидан нигаронӣ карда, изҳор дошта, ки тӯли қарну солҳо шиаву суннӣ аз Бухоро то Қуртуба, аз Лоҳур то Истанбул ва аз Қоҳира то Қум дар канори ҳам мезистанд: “Ҳеч кас напурсидааст, ки Мавлавӣ ё Саъдӣ ё Ҳофизу Фирдавсӣ шиа буд ё суннӣ. Ҳоло давоми қарну солҳо аст, ки дар шиа аз Мавлавӣ меомӯзанд. Ҳатто фақеҳони бузурги мо, ба монанди Имом Хумайнӣ аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Чӣ тавре ки Фирдавсии шиа дар сарзамини суннии Шумо маҳбуб аст.”
Ҳасан Руҳонӣ дар шарҳи ин нигаронии худ аз гуруҳҳои ифротӣ афзуд, ки роҳи мубориза бо тундгароӣ ва ифротгароӣ хеле осон аст ва ба гуфтаи ӯ, танҳо бо эҳёи фарҳанги исломӣ бо шумули тамоми арзишу осори адабию ҳунарӣ ва фалсафию илмӣ метавон, онҳоро аз байн бурд: “Имрӯз дар минтақае ба сар мебарем, ки бояд фарҳанги иқтисодӣ ва масоили муҳими иҷтимоию сиёсӣ ва амниятии ҳамаи мо бо ҳам пайваст бошанд. Агар Эрон дар фикри рушди амнияти худ бошаду Тоҷикистон дар фикри худ, пас ҳеч кадоме ба мақсад намерасанд. Эрон бо камоли майл омода аст, дар ҳама заминаҳои илмию фановарӣ бо дӯстон ва ҳамсоягони худ, аз ҷумла кишвари ҳамзабону дӯсти дерини худ - Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Мо бахши як сохтмони баландем, ки бахши аз ин сохтмонро Эрон ва бахши дигарро Тоҷикистону Афғонистон меномем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |