Омодагии вазири Эрон барои ҳимоят аз амният дар Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар мулоқот бо ҳамтои эронияш Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ, аз имзои созишнома «Оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими амният ва мубориза бо ҷинояткорӣ» истиқбол намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД Раҳимзода барои густариши бештари ҳамкориҳо пешниҳод намудааст, ки кормандони амниятии Тоҷикистон барои такмили малака ва мубодилаи таҷриба дар донишгоҳҳои олии Эрон ба омӯзиш ҷалб шаванд.
Ба иттилои манбаъ Абдулризо Раҳмонии Фазлӣ ин пешниҳоди ҳамтои тоҷикашро қобили қабул хонда, таъкид намудааст, ки мо ҳамеша омода ҳастем ҷиҳати ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамтоёни худ аз Тоҷикистон дасти ҳам бигирем.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |