Шуҳрат Қудратов агентии зидди фасодро бо иди Истиқлол табрик кардааст
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқҳои адвокати боздоштшуда - Шӯҳрат Қудратов ҳимоят мекунад, мегӯяд, зерҳимояаш зимни охирин дидори онҳо хоҳиш кардааст, табрикоти ӯро бахшида ба ҷашни Истиқлол бирасонад: “Вақти хайру хуш аз ман хоҳиш кард, аз номи ӯ ҳама шаҳрвандони Точикистон, хусусан ҳамкорон, адвокатҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, намояндаҳои ВАО ва мақомоти давлативу ҷомеаи шаҳрвандиро бо иди Истиқлол табрик намоям”.
Ба гуфтаи Раҳматилло Зоиров ӯ тайи як ҳафтаи сипаришуда ба сифати ҳимоятгари Шуҳрат Қудратов бо сабти овоз ва дигар маводи ҷамъовардашуда вобаста ба қазияи зерҳимояаш шинос шудааст: “Рӯзи 8 сентябр давоми дуюним соат оид ба маводҳо ва ҳолати кору фаъолияти тафтишоти пешакӣ дар мавақуфгоҳи тафтишотӣ бо Шуҳрат Қудратов суҳбати рӯбарӯ доштем. Бояд қайд намоям, ки то ҳоло Қудратов бо ин сабти овозҳои худ шинос нест, яъне амалиёти тафтишотӣ оид ба шинос кардани ӯ ва баргузор кардани пурсиш оид ба ин сабтҳои овоз амалӣ нагаштааст”,-меафзояд Зоиров. Ба гуфтаи ӯ, дар пояи сирри тафтишоти пешакӣ ва сирри ҳимоя наметавонад дар мавриди суҳбати рӯбарӯяш бо Қудратов ва дигар паҳлуҳои ин қазия маълумоти бештар ироа созад, “аммо таъкид мекунам, Шуҳрат Қудратов аз саломатии худ шикоят надорад. Дар рафтор ва амали ӯ ҳамчун адвокат таркиби ҷинояте, ки моддаи 320-и Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст, мавҷуд нест”.
Шуҳрат Қудратов дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ аз ҷониби маъмурони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд. Оҷонсӣ ӯро барои пешниҳоди пора ба яке аз додрасҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муттуҳам медонад ва Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари ин ниҳод дар нишасти ахири матбуотяиш гуфта буд, дар сурати таъйиди ин иттиҳом Қудратов аз 5 то 10 сол зиндонӣ хоҳад шуд.
Ин боздошти Қудратов дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ тайи бештар аз як соли охир аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар додгоҳ ҳимоят мекард. Вай ҳамагӣ як ҳафта пеш аз боздошташ бо як номаи 21-саҳифаӣ ба парлумону ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои кишварҳои хорифӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда, парвандаҳои Зайд Саидовро беасос ва сиёсӣ хонда буд.
Ба дунболи боздошти Қудратов Раҳматилло Зоиров тавассути як нома аз зиёдаравии Абдуфаттоҳи Ғоиб, раҳбари Оҷонси мубориза бо коррупсия ба президент шикоят карда, аз ӯ хоста буд, раванди тафтишот ва баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояти ӯро зери назорати қатъии худ бигирад. Зоиров навишта буд, Абдуфаттоҳи Ғоиб дар робита ба қазияи зерҳимояаш ба қонуншиканиҳо роҳ дода, бе ҳукми суд ӯро гунаҳкор арзёбӣ карда, зиёдаравӣ мекунад. Аммо баъдан, ҷаноби Зоиров хабар дод, 30 август бо Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳудуди 2 соат суҳбати рӯбарӯ дошт. Ба иттилои раҳбари ҲСДТ дар ин мулоқот Абдуфаттоҳи Ғоиб таъкид кардааст, барои таъмини қонуният дар қазияи Шуҳрат Қудратов талош мекунад. Зоиров илова кард, дар суҳбати як ба як ба ин натиҷа расидаанд, ки ҷузъиёти бештари мулоқотро расонаӣ накунанд.
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |