ДИИШ - омили афзоиши ҳузури низомиёни бритониёӣ дар Халиҷи Форс
Бритониё мегӯяд, тасмим дорад ба хотири мубориза бо ҷангҷӯёни созмони “Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом” (ДИИШ) се пойгоҳи низомии худро дар Халиҷи Форс таъсис диҳад.
Дар ин бора нашрияи “The Times” хабар дода, гуфтааст, пойгоҳҳои низомии Бритониё интизор меравад, дар Имороти Муттаҳидаи Араб, Уммон ва Баҳрайн таъсис ёбанд. Мақомоти Бритониё мегӯянд, таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои мазкур ба мубориза алайҳи ДИИШ дар минтақа тақвият ва самара мебахшад.
Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзои он гӯиё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва татбиқи шариати дини Ислом аст. Он беш аз 15 ҳазор ҷанговар дошта, раҳбараш Абӯбакр Бағдодӣ мебошад. Бағдодӣ дар пайи ҳамлаҳои зиёди мусаллаҳонаи ҷангҷӯёнаш, ки мунҷар ба забти қаламравҳои бузурги минтақаҳои суннишини Ироқу Сурия то кунун гардид, рӯзи аввали моҳи Рамазон аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дода, худро халифаи мусулмонон эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |