Бахшҳо
10 сен 2014 10:13Хабарҳои ҷаҳон

Тақозои имом-хатиб аз раисҷумҳури Эрон барои бунёди масҷиди аҳли суннат

Мавлоно Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ, имом-хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон дар дидор бо Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон хостори бунёди масоҷид барои аҳли суннат дар ин кишвар шудааст.

Исмоилзиҳӣ ва Ҳасан Руҳонӣ дар шаҳри Сиистони Эрон бо ҳам мулоқот кардаанд ва Мавлоно Абдулҳамид аз раиси ҷумҳур дархост кардааст, аз ҳисоби давлат дар шаҳрҳои Теҳрон ва Қум барои аҳли суннат ду масҷид бунёд карда шавад. Ӯ инчунин пардохт шудани хазинаҳои Мадрасаи дорулулум ва масҷиди Маккии Зоҳидон аз сӯи давлатро низ дархост кардааст. Бино ба иттилои расонаҳо, Ҳасани Руҳонӣ ба ёварони худ оид ба умури ақаллиятҳои кишвар барои иҷрои дархостҳои Исмоилзиҳӣ дастур дода, аз бархе мақомот хостааст, ба ҳарфҳои имом-хатиби масҷиди Маккии Зоҳидон диққати ҷиддӣ диҳанд.

Мавлоно Абдулҳамиди Исмоилзиҳӣ яке аз руҳониёни маъруфи олами Ислом ба шумор рафта, имом-хатибии масҷиди аҳли суннат дар шаҳри Зоҳидони Эронро бар душ дорад. Ӯ ахиран аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон мамнуъулхуруҷ шуда буд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки Мавлоно Абдулаҳмид субҳи 18 июли соли ҷорӣ барои иштирок дар конфронси байналмилалие таҳти унвони “Таваҷҷуҳи уламои ҷаҳони Ислом барои ниҳодина кардани сулҳ, эътидол ва ақли солим” озими Туркия буд. Пештар аз ин низ, Ҷумҳурии исломӣ аз сафари Мавлоно Абдулҳамид барои ширкат дар “Анҷумани ҷаҳони Ислом” дар Арабистони Саудӣ ва конфронси уламои исломӣ дар Африқои Ҷанубӣ мамониат пеш оварда буд. Ҳарчанд баъди рӯи кор омадани давлати Ҳасани Руҳонӣ гузарномаи ӯро пас доданд, аммо ҳоло дигарбора мамнуъулхуруҷаш кардаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)