Эҳтимоли қабули аъзои нав дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, кишвараш хостори пайвастани чанд давлати дигар ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аст.
Ӯ дар як матлаб навишта, “қарор аст дар ҳамоиши Душанбе рӯи масоили ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва молӣ барои узвияти кишварҳои нав таъкид шавад. Ин барои густариш додани созмон мусоидат мекунад”.
Вазири умури хориҷии Русия дар идома гуфтааст, “ҳамзамон барои тарвиҷ додани ҳамкориҳо аз тариқи гуфтугӯ бо давлатҳои нозир мусоидат хоҳем кард”. Ба қавли Сергей Лавров, зимни раҳбарии Русия дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки баъди анҷоми ҳамоиши Душанбе шурӯъ мешавад, қарор аст, Маскав аз иҷрои қадамҳо дар заминаи иқтисодӣ, молӣ, амнияти энержӣ ва ғизоӣ ҳимоят кунад.
Саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай 11-12 сентябр бо иштироки раиси ҷумҳурони Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва раҳбарону намояндаҳои сатҳи баланди кишварҳои нозири СҲШ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе баргузор мешавад.
Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон узви СҲШ буда, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон давлатҳои нозири созмони мазкуранд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |