Табрикоти Башор Асад ва умедвории Ислом Каримов аз Эмомалӣ Раҳмон

Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон бо ирсоли номае унвонии Эмомалӣ Раҳмон, ӯ ва мардуми кишварро бо 23-юмин солгарди рӯзи истиқлол табрик гуфтааст.
Дар номаи Каримов ба Раҳмон аз ҷумла омадааст, “Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллии Тоҷикистон - Рӯзи истиқлолият қабул фармоед.” Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар идома ибрози умедворӣ кардааст, ки равобити таърихии дуҷонибаи Тошканду Душанбе дар оянда ба нафъи сокинони ду кишвар ва ҳифзи субот дар минтақа рушд хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон ҳамчунин раҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон низ бо ирсоли номаи шодбошӣ сокинон ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷашни 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтаанд.
Манбаъ мегӯяд, то кунун аз номи Карл Густаф - шоҳи Шветсия, Хайнс Фишер – раиси ҷумҳурии Австрия, Росен Плевнелиев – раиси ҷумҳурии Булғористон, Энрике Пена Нието - раисиҷумҳури Штатҳои Муттаҳидаи Мексика, Башшор Асад - Сурия, Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд - валиаҳд, муовини раиси Шӯрои вазирон ва вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Жозе Гратсиану да Силва - роҳбари Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Мирослав Енча - роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиё Марказӣ ва дигарон номаҳои шодбошӣ расидаанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |