Эълони ВУД дар бораи “роҳбандӣ”-и дурӯза дар пойтахт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 11 ва 12 сентябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе маҳдуд хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин кор “бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай” роҳандозӣ мегардад. Вазорати умури дохилӣ меафзояд, ки 11 сентябр аз соати 06:00 то 12:00 ҳаракати нақлиёт аз чорроҳаи Ахмади Дониш-Мастонгулов бо кӯчаи Садриддин Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов, хиёбони Исмоили Сомонӣ аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино, кӯчаи Низомии Ганҷавӣ аз кӯчаи Карамов то кӯчаи Ҳувайдуллоев мaҳдуд мегардад: “Дар ҳамин рӯз, аз соати 18:00 то 19:00 ва аз соати 20:00 то 21:00 ҳаракати мошинҳо аз хиёбони Сомонӣ-Сино то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Карамов низ мaҳдуд карда мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, 12 сентябр бошад, аз соати 09:00 то 10:00 аз чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Карамов то хиёбони Рӯдакӣ-Исмоили Сомонӣ ва аз хиёбони Исмоли Сомонӣ - Рӯдакӣ то то ҳаракати давродаври Исмоили Сомонӣ-Сино то соати 17:00 ҳаракати нақлиёт манъ мегардад: "Ҳамчунин рӯзи 12 сентябр аз соати 16:00 то 17:30 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Айнӣ, Аҳмади Дониш ва Мастонгулов муваққатан мaҳдуд карда мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |