Вақте ин хабарро мехондам аз пойтахти кишварамон ёд кардам. Воқеан, пойтахти Тоҷикистон ҳам шабакаи телевизионии худро дорад, ки шояд дар ҳеч пойтахти дигари дунё намунаи онро ёфтан амри маҳол бошад.
"Пойтахт" шабакаи телевизиони ҷамъиятист, ки ҳукумати шаҳри Душанбе муассиси он маҳсуб мегардад. Ин телевизионро мешавад якбора аз рӯи чанд номгӯй ба китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кард. 1. Барои тими эҷодӣ; 2. Кӯҳнатарин телевизиони асри 21; 3. Филм-плагиат;
Барномаҳое, ки ҳайати эҷодии ин шабака таҳия мекунанд, ба меъёрҳои журналистикаи имрӯз мутобиқ нестанд. Қолаби барномасозияшон низ шабакаҳои шӯравиро ба хотир меорад. Гузашта аз ин эҳсос мешавад, ки на ҳамаи кормандони ин шабака идеяву диди тозаи барномасозӣ доранд. Шояд сифати пасти барномаҳо ба дастгоҳхои кӯҳнаи сохти шӯравӣ тааллуқ бигирад? Зимнан, "Пойтахт" шояд ягона шабакаи телевизионӣ дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ (ё ягона ТВ дар тамоми пойтахтҳо) бошад, ки бо дастгоҳхои кӯҳна фаъолият мекунад. Шояд дастгоҳҳои рақамӣ низ дошта бошанд, аммо вақте ин шабакаро тамошо мекунӣ аз микрофонҳову наворҳо ва кадрҳои он эҳсос мешавад, ки бӯи дастгоҳи ҷадид барнамеояд. Дар ин шабака дилхоҳ филмро мешавад тамошо кард. Ҳатто филмҳое, ки ҳанӯз дар кинотеатрҳои кишвари истеҳсолкунанда намоиш дода нашудаанд. Ба гумони ғолиб ба мазмуни ин филмҳо қабл аз ба эфир гузоштан касе таваҷҷӯҳ намекунад, зеро онҷо лаҳзаҳои фаҳшу таҳқирро низ баъзан вохӯрдан мумкин аст. Гузашта аз ин сифати бархе аз ин филмҳо ба ҳаде пастанд, ки дар як дақиқа чанд бор ист мекунанд. Пушти қутии ин филмҳо аслан "барои намоиши хонаводагӣ" (для домашнего прасмотра) навишта шудааст. "Пойтахт" барномаҳои мустақим низ дорад. "Занги телефон" яке аз чунин барномаҳост, ки ман онро муваффақнашуда меҳисобам. Микрофонҳо дар ин барнома ҳамеша мушкил доранд. Тарзи пешниҳоди он низ хоси як телевизион нест. Гузашта аз ин шаби 5-уми сентябр ин барнома гӯё рӯҳияи ҷашнӣ дошт. Онҷо якбора чанд сарояндаро даъват намуда буданд. Ва ровии барнома ҳар навбат бо ишораи даст якеро ба назди худ мехонд ва сипас мегуфт, ки "ҷои худро дар маркази саҳна бигиред". Гӯё агар он сароянда дар марказ неву дар лаби саҳна истад, фонограмма садо намедиҳад.
Воқеан, дар мавриди фонограмма. Зимни ба "маркази саҳна" баромадани чанд сароянда коргардон сурудҳоро иваз намуд, ки дар натиҷа ба ҷои фонограммаи суруди овозхоне, ки дар саҳна аст, оҳанги нафари дар навбатбуда баланд шуд…
Дар пешниҳоди иттилоъ низ ин шабака бо ду по мелангад. Барномаи "Пайём" ҳисоботро ба ёд меорад. Дар он фаврият, сареҳият ва муҳимият-се меъёри аслии барномаи иттилоотӣ дида намешавад. Дар мавриди сайти интернетӣ бошад, ҳоҷати гап нест.
Ман иддаои бар пояи ТВ "Москва-24" расидани ТВ "Пойтахт"-ро надорам, зеро дар шароити имрӯз ин чиз имконнопазир аст. Аммо ҳамчун як нафаре, ки дар пойтахти Тоҷикистон кору фаъолият дорам, намехоҳам, ки бо чунин шабакаи телевизионӣ назди хориҷиҳо хандахариш шавем. Бо умеди то маросимҳои навбатии ҷашнгирии истиқлолият симои пойтахт шудани ТВ "Пойтахт" ҳамаи кормандони ин шабакаро бо истиқлолият табрик мегӯям!{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |